Аз Ҷабҳаи муқовимат то Ҳаққониву дипломатҳои Русия. Борони интиқод бар сари Толибон меборад

Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки Толибон* бо кумакҳои кишварҳои хориҷа ҳукумат мекунанд ва агар ин кумакҳо қатъ шавад, ин гуруҳ наметавонад як ҳафта ҳам дар сари қудрати Афғонистон бошад. Дар изҳороте, ки Ҷабҳа 12-уми декабр нашр кард, таъкид мешавад, “Бритониё беш аз 600 миллион доллар ба Афғонистон кумак кардааст ва ин […]

Алимшҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки Толибон* бо кумакҳои кишварҳои хориҷа ҳукумат мекунанд ва агар ин кумакҳо қатъ шавад, ин гуруҳ наметавонад як ҳафта ҳам дар сари қудрати Афғонистон бошад.

Дар изҳороте, ки Ҷабҳа 12-уми декабр нашр кард, таъкид мешавад, “Бритониё беш аз 600 миллион доллар ба Афғонистон кумак кардааст ва ин кумакҳо “тамоман” ба ҷайби Толибон мераванд ва мардуми Афғонистон камтарин саҳме дар он надоранд”.

Ин ҷабҳа бо интиқод аз сиёсати давлати Бритониё ва Амрико афзудааст, ки “сӯҳбат аз таомул бо Толибон дар ҳоле мешавад, ки ҳузури низомии 20-солаи Бритониё дар Афғонистон наздик ба 30 миллиард фунт ҳазина дошта ва дар ин муддат 457 низомии ин кишвар аз сӯи Толибон кушта шудаанд”.

Ин изҳороти шадидуллаҳни Ҷабҳа посухе ба баёнияи ахири Ҳуго Чартр, кордори пешини Бритониё дар Афғонистон аст, ки гуфт “мардуми Бритониё ва Афғонистон пайванди воқеӣ доранд. Бинобар ин тааҳҳуди мо ба кор барои ояндаи босуботтар барои Афғонистони пойдор аст”.

Дар ҳоле, ки Бритониё аз таомул бо Толибон ҳарф мезанаду Ҷабҳа онро шадидан интиқод мекунад, намояндагони баландмақоми дипломатия Русия ғайриинтизор ба интиқоди Толибон оғоз мекунанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар суҳбат ба РИА “Новости” гуфт, ки ваъдаҳои додаи Толибон иҷро нашуданд ва Афғонистон ба самти нодуруст равона аст.

“Мо дар моҳҳои охир шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла алайҳи намояндагиҳои дипломатӣ дар Кобул ва дар марз бо ҳамсояҳои шимолии худ шудем. Мо мебинем, ки созмонҳои террористӣ фаъолияти худро озодона идома медиҳанд, дар бораи ҳукумати фарогир ҳоҷати гап нест”, – таъкид кард Григорев.

Ҳамчунин, Замир Кобулов низ дар суҳбат бо маҷаллаи ҳиндии The Week аз давлатдории Толибон интиқод карда, таъкид намуд, ки “Толибон дарк намекунанд, ки ҳарчанд ҳоло мухолифони ҷиддӣ надоранд, аммо дар сурати идомаи тамоюлҳои кунунӣ ошӯб ба вокуниши маъмулии мардуми Афғонистон табдил хоҳад ёфт”.

Бояд гуфт, ки ин камтарин ҳолатест, ки намояндаи давлати Русия ошкоро аз сиёсати ин гуруҳ сахт интиқод мекунад, зеро қаблан Маскав ошкоро аз фирори нерӯҳои Амрико ва шикасти низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон истиқбол мекард.

Дар ҳамин ҳол, сарпарасти вазорати дохилаи Афғонистон Сироҷиддин Ҳаққонӣ низ аз сиёсатгузориҳои ин гуруҳ интиқод карда, гуфтааст, ки “бархе нафароне ҳастанд, ки худашонро барҳақ ва тасмимоташонро дуруст медонанд, аммо онҳо давлату миллатро ба самти хатар мебаранд”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.