Соли гузашта беш аз 28 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд

Asia-Plus

Соли гузашта 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ карда, ҳудуди 1000 корхона барҳам хӯрдааст. Теъдоди соҳибкороне, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, нисбат ба 1-уми январи соли 2021-ум қариб 800 ва корхонаҳои барҳамхӯрда 100 адад зиёд мебошад.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, “ҳамин қадари дигар соҳибкорон ба қайд гирифта шуданд”, вале аз ироаи омори мушаххас худдорӣ кард.

Номбурда афзуд, ки соли гузашта аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ  гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.

Саъдӣ Қодирзода аз омори соҳибкорон нигаронӣ кард ва гуфт “ин омор басанда нест”.

Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.

“Чунки пешакӣ эҳтиёҷоту нархгузории бозор ва хафвҳои минбаъдаро ба назар намегиранд.  Дар аксари мавридҳо ба қайд мегиранд ва умуман фаъолияти соҳибкорӣ накарда, барҳам дода мешаванд. Вобаста ба баланд бардоштани маърифтаи соҳибкорон ҳамасола якчанд чорабинӣ мегузаронем. Соли гузашта зиёда аз 200 омӯзиши тренинг гузаронидем ва алфавити соҳибкориро фаҳмонидем”, – шарҳ дод Саъдӣ Қодирзода.

Ба иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...