Соли 2022 дар Тоҷикистон бар асари сӯхтор 19 нафар ҳалок шуданд

Date:

Соли гузашта дар Тоҷикистон 1 ҳазору 262 ҳодисаи сӯхтор ба амал омадааст, ки бар асари он 19 нафар ҳалок шудаанд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли 2021 ҳодисаҳои сӯхтор 66 адад (1 ҳазору 196 сӯхтор) афзудааст: соли пешин бар асари сӯхтор 10 нафар фавтида буданд.

Маблағи зарар аз сӯхтор дар соли 2022 58 млн 716 ҳазор сомонӣ ва маблағи эмин нигоҳ доштани молу мулк аз он 806 млн 356 ҳазору 098 сомониро ташкил додааст.

Дар бораи ҳаҷми зарар аз сӯхтор дар соли 2021 маълумот дода нашудааст.

Ҳамчунин ВКД ба сабабҳои аслии сар задани сӯхтор ва ба чӣ вобаста будани афзоши ҳодисаҳои сӯхтор дар кишвар ишора намекунад.

Ёдрас мекунем, ки сӯхтори бузургмиқёс соли гузашта 1 июн дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар ба амал омад. Он вақт барои хомӯш кардани он 28 мошинҳои оташнишонӣ ва 148 нафар оташнишонон сафарбар шуданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Алангаи оташ қаламрави 1,2 ҳазор метри мураббаъи бозорро фаро гирифт. Оташ хеле зуд ба рафу дӯконҳои фурӯш ва мағозаҳо паҳн шуд.

Бар асари сӯхтор соҳибкори 52-сола Маҳмад Сафаров, ки ба гуфтаи табибон 90 дар сади баданаш сӯхта буд, ҳалок шуд.

Боз 11 нафари дигар ҷароҳат ва захмҳои сӯхтаи гуногун гирифтанд.

Маблағи зарар аз сӯхтор 3,2 млн сомонӣ арзёбӣ шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...