КҲФ: дар зарфи 1 шабонарӯз дар Тоҷикистон 69 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд

Asia-Plus

Тайи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 69 ҳодисаи тармафароӣ, аз ҷумла 44 ҳодиса дар ВМКБ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 16 феврал дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ тарма фаромада, бар асари он ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, Рӯшон – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб имконнопазир гардид.

Гуфта мешавад, 16 феврал дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ 11 тарма ва дар қаламрави ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш 14 ҳодисаи ттармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

 “Субҳи имрӯз, 17 феврал роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста аст. Корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд”, – хабар додан дар Кумита. 

Бар асари фаромадани тарма дар деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнони ВМКБ як сокини 16-солаи ҳамин деҳа ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВМКБ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад тарма дирӯз, 16 феврал тахминан соати 15:30 фуромадааст.

"Ҷасади шаҳрванди фавтида алаккай бароварда шуда, бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд",- афзудааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти пуршиддат барф дар ВМКБ чанд рӯзи ахир мунтазам тармафуроӣ идома дорад, ки талафоти ҷонӣ ва моддӣ дар пай доштааст.

Маъмурияти ВМКБ аз сокинону меҳмонон хоҳиш кардааст, ки бо назардошти фаромадани тарма дар қисматҳои гуногуни вилоят аз гаштугузори безарурат дар ҷойҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Қаблан ҷасади як духтари ҷавон аз зери тарма дар ноҳияи Шуғнон берун оварда шуд ва бо ин шумори ҳалокшудагон дар лағзиши тарма зарфи рӯзҳои охир ба 17 нафар расид: 13 нафар дар шаҳри Хоруғ ҷони худро аз даст доданд. 2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.

Ғайр аз ин, дар қаламрави ноҳияи Ишкошин ду духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, ҷустуҷӯ мешаванд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 17 то 19-уми феврал дар қаламрави мамлакат ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Боришоти пуршиддат (барфу борон) аз 17 то 18-уми феврал дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз шикору моҳидорӣ ва корҳои дигаре, ки вобаста ба кӯҳу даман, соҳили рӯдхонаҳо мебошад, худдорӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 16 феврал бо супориши президент барои расондани ёрии ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода дар ҳайати намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор таъсис ёфта, ба самти ВМКБ сафарбар гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...