Прокурори генералӣ аз мансаб барканор шудани прокурори ВМКБ-ро тасдиқ кард

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз мансаб барканор шудани прокурори ВМКБ-ро тасдиқ карда, лекин сабабашро шарҳ надод. “Ин масъалаи кориву кадрии мо буда, ифшои он барои ҷомеа зарур нест. Мо ҳамеша прокуроронро дар шаҳру навоҳӣ таъину аз кор озод мекунем ва ин ҷо ягон чизи наве нест”, – гуфт Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ. […]

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз мансаб барканор шудани прокурори ВМКБ-ро тасдиқ карда, лекин сабабашро шарҳ надод.

“Ин масъалаи кориву кадрии мо буда, ифшои он барои ҷомеа зарур нест. Мо ҳамеша прокуроронро дар шаҳру навоҳӣ таъину аз кор озод мекунем ва ин ҷо ягон чизи наве нест”, – гуфт Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Қаблан Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки прокурори ВМКБ Парвиз Орифзода рӯзи 9 феврал барои таҳқири кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз вазифааш озод карда шудааст.

“Чанд вақти охир Парвиз Орифзода "зиёд менӯшид" ва дар ҳолати мастӣ кормандони милисаро таҳқир кардааст. Таҳқири кормандони милиса сабт шуда, ба дастгоҳи иҷроияи президент фиристода шудааст”, – хабар дода буд манбаи Радиои Озодӣ.

Ба иттилои ин манбаъ, аз рӯи ин далел алайҳи Парвиз Орифзода таҳқиқи ҷиноӣ роҳандозӣ шудааст.

Парвиз Орифзода соли 2018 прокурори ВМКБ таъин шуда, пеш аз таъинот ба ин мансаб ба ҳайси прокурори ноҳияи Ванҷи ин вилоят ифои вазифа мекард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...