Шаҳрдории Душанбе гуфт, фаъолияти таксиҳои “Яндекс Go” ғайриқонунӣ аст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар робита ба оғози фаъолияти "Яндекс Go", хадамоти таксии русӣ дар пойтахт посухи мушаххас надод. Вале кормандони дигари шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст.

Мовини аввали шаҳрдор, дар нишасти матбуотии имрӯза, 17-уми январ ба суоли батакрори рӯзноманигорон дар ин бора танҳо гуфт, “хабарҳо оид ба оғози фаъолияти ин ширкат асос надорад”.

Вақте журналисти “Азия-Плюс” ба масъулини шаҳрдорӣ далел пешниҳод кард, ки аллакай чанд нафар аз хидматрасонии ин ширкат истифода кард, онҳо посух дода натавонистанд ва суолро инкор карданд.

Дар ҳамин ҳол, баъди нишасти матбуотӣ, масъулини шаҳрдорӣ, аз ҷумла масъулини бахши танзими нақлиёт дар суҳбати кутоҳ бо “Азия-Плюс” гуфт, “фаъолияти ин ширкат дар пойтахт ғайриқонунӣ ба роҳ монда шудааст”.

Ҳамчунин, масъулини дафтари матбуотии шаҳрдорӣ ҳам тасдиқ карданд, ки ин ширкат фаъолиятро ғайриқонунӣ ба роҳ мондааст ва кушиш мекунанд, давоми як – ду рӯзи охир онро ҳал кунанд.

Ширкати “Яндекс GO”, ки ҳанӯз ду моҳ қабл овозаҳо дар хусуси вориди бозори таксии Тоҷикистон шудани он паҳн гардида буд, 15-уми феврал гуфт, “шурӯъ аз имрӯз дар Душанбе хидматрасониҳояш роҳандозӣ шудааст”.

Кирилл Свинцов, директор оид ба рушди “Яндекс GO” дар ИДМ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” афзуд, ки нархи хидматрасонии ширкати мазкур аз 10 сомонӣ оғоз мегардад ва муштариён метавонанд бо нишон додани нишонии дурусти худ ва нуқтаи расидан ба макони лозима, арзиши хидматрасониро аз қабл маълум намоянд.

Вале як рӯз пас, 16-уми феврал, "Душанбенақлиётхадамотрасон", як воҳиди ваколатдори шаҳрдории Душанбе оид ба ташкил ва танзими ҳаракати мусофирбар дар пойтахт ин хабарро рад карда, изҳор дошт, ки ин ширкат иҷозаи фаъолият дар бозори хидматрасонии таксиҳои пойтахтро надорад.

“Аз ин лиҳоз аз сокинони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба чунин хабарҳои асоси воқеъи надошта бовар  накунанд”,- омадааст дар изҳороти "Душанбенақлиётхадамотрасон".

Имрӯз, 17-уми феврал, намояндаи ширкати “Яднекс Go” пас аз шунидани мавқеи шаҳрдорӣ ва "Душанбенақлиётхадамотрасон" ваъда дод, ки дар рӯзҳои наздик масъаларо шарҳ хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, чанд нафаре, ки аз хидматрасонии ин ширкат истифода кардаанд, хидматрасонӣ онро гаронтар мегӯянд.

Аз ҷумла, Саъдӣ Ворисов, як сокини Душанбе дирӯз, 16-уми феврал, баъди истифодаи хидматрасонии “Яднекс Go” аз нархи гарони хидматраоснии таксӣ шикоят кард ва гуфт, “дар замима, танҳо мошини комфорти қиммат фаол аст. Интихобҳои арзонаш хомӯш”.

Ӯ нигаронӣ кард, ки масофаи 13 сомонаро дар 18 сомон овард, вале ронандагон аз фаъолияти ин ширкат қаноматманданд.

“Вақти фармоиш 17 сомонӣ буд. Шояд як сомонӣ барои мунтазир мондан изофа шуд. Иллати қимматияшро ронанда дар он шарҳ дод, ки масофаро бо дарназардошти қоидаҳои ҳаракат ҳисоб мекунад. Ронанда, марди болоумре буд, ки 1111-ро ба қасди Яндекс тарк карда буд. Бисёр хушҳолу қаноатманд менамуд”, – навиштааст Саъдӣ Ворисов.

Гуфтан ба маврид аст, ки хабарҳо дар хусуси воридшавии ширкати “Яндекс GO” ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон замоне расонӣ шуд, ки кормандони БДА-и Душанбе ба чидани рақами қайди давлатии таксиҳое пардохтанд, ки соли бароришашон аз то соли 2016 аст. Он замон мақомот бо ҳар баҳона сабаби аслии ин иқдомро шарҳ надоданд, аммо маҳз дар он замон пайдо шудани эълонҳои таблиғотии ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯҳоро дар хусуси вориди бозор шудани “Яндекс GO” зиёд намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...