Яндекс Go дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард

Ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон боз як бозигари нав – ширкати “Яндекс GO” ворид шуд. Ин ширкат, ки ҳанӯз ду моҳ қабл овозаҳо дар хусуси вориди бозори таксии Тоҷикистон шудани он паҳн гардида буд, аз имрӯз, 15-уми феврал ба кор оғоз намуд. Хидматрасонии ин ширкат ҳоло танҳо дар Душанбе дастрас аст. Дар ин хусуси Кирилл […]

Ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон боз як бозигари нав – ширкати “Яндекс GO” ворид шуд. Ин ширкат, ки ҳанӯз ду моҳ қабл овозаҳо дар хусуси вориди бозори таксии Тоҷикистон шудани он паҳн гардида буд, аз имрӯз, 15-уми феврал ба кор оғоз намуд. Хидматрасонии ин ширкат ҳоло танҳо дар Душанбе дастрас аст.

Дар ин хусуси Кирилл Свинцов, директор оид ба рушди “Яндекс GO” дар ИДМ хабар дод.

Ӯ гуфт, ки нархи хидматрасонии ширкати мазкур аз 10 сомонӣ оғоз мегардад ва муштариён метавонанд бо нишон додани нишонии дурусти худ ва нуқтаи расидан ба макони лозима, арзиши хидматрасониро аз қабл маълум намоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки хабарҳо дар хусуси воридшавии ширкати “Яндекс GO” ба бозори хидматрасонии таксии Тоҷикистон замоне расонӣ шуд, ки кормандони БДА-и Душанбе ба чидани рақами қайди давлатии таксиҳое пардохтанд, ки соли бароришашон аз то соли 2016 аст. Он замон мақомот бо ҳар баҳона сабаби аслии ин иқдомро шарҳ надоданд, аммо маҳз дар он замон пайдо шудани эълонҳои таблиғотии ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтугӯҳоро дар хусуси вориди бозор шудани “Яндекс GO” зиёд намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...