Арабистони Саудӣ ба осебдидагони ВМКБ 1,5 млн доллар кӯмак мефиристад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Арабистони Саудӣ ба сокинони аз тарма осебдидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар кӯмак мефиристад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ироаи кӯмак зимни ташрифи ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сарварии Роҳбари Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ – Ёвари ҷонишини вазири корҳои хориҷии Арабистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷаноби Муҳаммад Муҳаммад ибни Абдулҳодӣ Ал-Матрафӣ ба ин Кумита баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот масъалаҳои мусоидат ба таҳкими иқтидори техникии Кумита, таъсиси маркази симулятсионии дорои синфҳои интерактивӣ, харидани таҷҳизоти махсус барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҷҳизоти махсус барои наҷотдиҳандагон низ муҳокима гардидааст.

“Дар ин дидор дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Бунёди Шоҳ Салмон ба аҳолии осебдидаи Тоҷикистон аз офатҳои табиии зимистони соли ҷорӣ ва ҳамчунин, кумак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар тавофуқ ҳосил шуд”,- менависад манбаъ.

Таъкид мешавад, ки ин ёриҳо ба 12 ҳазор аҳолии ниёзманди Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ва бар асоси муоҳада ёрии Бунёди Шоҳ Салмон аз тариқи Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон муддати 6 моҳи соли 2023 тақсим карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта дар пайи тармафуроӣ дар ВМКБ 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Зарари дар натиҷаи тармафуроӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаро 1,7 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...