Сабти боз як заминларзаи дигар дар Тоҷикистон

Date:

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, соати 13:01 дақиқаи имрӯз, 23 феврал дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи дигар ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар 380 километрии ҷанбу ғарби Душанбе, 86 километрии ғарби ноҳияи Мурғоб ва 45 километрии шарқи кӯли Сарез воқеъ будааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Қувваи заминларза дар маркази он 5 балл ва дар шаҳри Хоруғ – 4 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз соати 05:37 дақиқа ва соати 05:55 дақиқа  ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминҷунбиҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Обуҳавошиносон мегӯянд, маркази заминларза  400 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе,  65 километр шарқ аз ноҳияи Мурғоб  ва 30 км шимолтари кӯли Сарез қарор дошт. Қувваи заминларзаи соати 5:37 дар марказаш 6-7 балл ва соати 5:55 – 5-6 баллро ташкил дод.

Дар шаҳри Хоруғ заминларзаи 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балл эҳсос шуданд.

Тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, қувваи заминларзаи субҳ рухдода ба 6,8 балл баробар буд.

Таконҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Чин ва Покистон дар масофаи то 600 километр аз маркази он эҳсос шудааст. Пас аз заминларза якчанд таконҳои баъдии он (афтершок) ба амал омад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...