Ба Тоҷикистон сардиву борону барф бармегарданд

Рӯзи 25 феврали  соли ҷорӣ  бо сабаби ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард аз самти Сибири Ғарбӣ ноустуворшавии вазъи обу ҳаво пешгӯӣ мешавад. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бинобар ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард, санаи 25 феврал рӯзона дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон,  Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ба амал омадани […]

Рӯзи 25 феврали  соли ҷорӣ  бо сабаби ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард аз самти Сибири Ғарбӣ ноустуворшавии вазъи обу ҳаво пешгӯӣ мешавад.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бинобар ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард, санаи 25 феврал рӯзона дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон,  Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ба амал омадани боришот (борон, барф)-и бошиддат пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар қисми зиёди ноҳияҳо пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа  дар назар аст.

Рӯзҳои 23-26 феврал дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хавфи сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.

Бинобар сабаби боридани боронҳои бошиддат санаи 25-26 феврал дар  доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ то 28 феврал обуҳавои абрнок ва баъзан каме борон меборад. Рӯзона ҳаво аз 10 то 22 дараҷа ва шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо обуҳавои шабона аз 4 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар Хуҷанд ва вилояти Суғд низ ҳавои абрнок дар назар буда, ҳарорат рӯзона аз 0 то 17 дараҷа гарм, шабона аз 3 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар Бохтар ва вилояти Хатлон обуҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат рӯзона аз 10 то 25 дараҷа ва шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи 25 феврал баъзан борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ барф меборад.

Дар Хоруғ ва ВМКБ ҳаво сардтар шуда, рӯзона аз 2 то 6 дараҷа гарм ва шабона аз 2 то 9 дараҷа хунук мешавад. Рӯзҳои 25-26 феврал боридани борон ва барфи начандон зиёд пешбинӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.