Дар Душанбе барои сайёҳони хориҷӣ маркази иттилоотӣ боз шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раёсати экология ва сайёҳии ВКД Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати сайёҳии “Диёр Тревел” (“Сайри диёр”) дар Душанбе барои сайёҳони хориҷӣ маркази иттилоотӣ боз карданд.

Дар он ба сайёҳони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон, фарҳангу таърих ва расму оинҳои кишвар маълумоти муфассал дода шуда, ғайр аз ин, маҷмӯи васеи хидматрасониҳо пешниҳод мешавад.

Марказ (дар кӯчаи Нисор Муҳаммад,81 воқеъ аст) бо таҷҳизоти муосир ва технологияҳои пешрафта таъмин аст. Он аз кабинети иттилоотӣ ва 3 ҳуҷра барои иқомати муваққатӣ иборат буда, ба сайёҳон мошинҳои қулай барои ҳамагуна сафар, нуқтаи мубодилаи асъор, Wi-Fi, нуқтаи пур кардани тавозуни алоқаи мобилӣ ва интернет пешниҳод мешаванд.

“Ҳадафи аслӣ ҷолиб нишон додани Тоҷикистон барои сайёҳон аст, – мегӯяд роҳбари ширкати сайёҳии “Диёр Тревел” Умедшоҳ Саидов. – Пеш сайёҳонро лозим меомад, ки худашон симкорту ҷойи иқомати муваққатӣ дарёфт кунанду хатсайрҳову нақлиётро муайян кунанд. Акнун анҷоми ҳамаи ин корҳо дар як ҷой имконпазир шуд”.

Ба гуфтаи ӯ, дар оянда тавсеъаи бахши хидматрасонӣ ва ифтитоҳи нуқтаҳои нави хидматрасонӣ барои сайёҳон дар саросари кишвар дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...