Дар Тоҷикистон боз заминларза ба қайд гирифта шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Субҳи имрӯз соати 08:00-и вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза бо марказаш дар ВМКБ ба қайд гирифта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

“Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл аз рӯйи ҷадвали 12-балларо ташкил дод”, – гуфт манбаъ.

Қувваи заминларза дар 370 километрии ҷанубу ғарби Душанбе ва 46 километр дуртар аз кӯли Сарез дар умқи 10 километр воқеъ буд.

Дар Мурғоб қувваи заминларза 2 баллро ташкил додааст.

Дар бораи эҳсоси таконҳо дар Душанбе маълумот нест.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти пойгоҳҳои зилзилашиносии ТОО «СОМЭ» КҲФ Қазоқистон, қувваи заминларза ба 4,2 балл баробар будааст.

“Маркази заминларза дар 689 километрии Алмато дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буд. Дараҷаи энергетикии заминҷунбӣ – 10,0. Қувва (магнитуда)-и MPV – 4,2”, – зикр мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки ахиран дар Тоҷикистон ҳодисаҳои заминларза зиёд ба қайд гирифта мешаванд.

Танҳо дар як рӯз, 23-уми феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти КҲФ, маркази ҳамаи ин заминларзаҳо дар кӯҳҳо, дар маконҳои беодам ва дур аз минтақаҳои маскунӣ, дур аз маркази маъмурии ноҳияи Мурғоб ва кӯли Сарез буданд.

Он замон роҳбари маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ изҳор дошта буд, ки низоми мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол аст.

“Ягон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст. Ҷараёни об ва масрафи он дар кӯли Сарез бе тағйир буд. Яъне, ҷараён он 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мураббаъ дар як сония мебошад”, – хабар дода буд ӯ.

Тибқи маълумоти сомонаи volcanodiscovery.com, тайи соли ахир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҳодисаи заминларза ва 9-то он бо қувваи 5+ ба қайд гирифта шудааст. Ба ин тариқ, аз 8 феврали соли 2022 то 8 феврали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 165 заминҷунбӣ рух додааст, аз ҷумла 9-тои он бо қувва (магнитуда)-и 5+.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...