“Дар Сарез ҷунбиш ё тағйирот нест”. КҲФ заминларзаҳои рӯзи 23 февралро шарҳ дод

Рӯзи 23-уми феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, такони аввали замин соати 5:37 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод, ки маркази он 67 км ғаби маркази ноҳияи Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари […]

Asia-Plus

Рӯзи 23-уми феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, такони аввали замин соати 5:37 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод, ки маркази он 67 км ғаби маркази ноҳияи Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд. Қувваи он дар марказ 6,8 балл ва умқи он 20,5 км буд.

Гуфта мешавад, қувваи заминларза дар шаҳри Хоруғ 5-6 балл, дар Душанбе 2-3 балл. Талафоти ҷониву хисороти дигар набуд.

Ҳамчунин пас аз аввалин заминҷунбӣ пасларзаҳо ҳисс шуданд. Соати 05:55 бо вақти маҳаллӣ дар 86 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб замин бо қувваи 5,0 ҷунбид ва умқи он 10 км буд.  

Соати 06:06 дақиқа бо вақти маҳаллӣ маркази заминларзаи дигар 103 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб буд ва қувваи он 4,6 балл дар умқи 10 км.

Соати 06:36 вақти маҳаллӣ маркази заминларзаи дигар 60 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб буд. Қувваи он дар марказаш 4,9 балл, умқи 10 км.

Соати 07:07 вақти маҳаллӣ маркази заминларза 64 км шимолу шарқи ноҳияи Мурғоб буд ва қувваи он дар маказаш 4,8 балл ва умқаш 10 км.

Соати  07:18 вақти маҳаллӣ заминларза 77 км ғарби маркази ноҳияи Мурғобро бо қувваи 4,7 балл такон дод, ки умқи он 10 км буд.

Соати 11:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар шимолу шарқтари маркази ноҳияи Мурғоб замин бо қувваи 4,5 балл ва умқи 10 км ҷунбид.

Соати 13:01 вақти маҳаллӣ қувваи заминларза дар маркази он 4,7 балл ва умқи он 10 км буд.

Зикр мешавад, ки маркази ҳамаи ин заминларзаҳо дар кӯҳҳо, дар маконҳои беодам ва дур аз минтақаҳои маскунӣ, дур аз маркази маъмурии ноҳияи Мурғоб ва кӯли Сарез буданд.

Системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол аст. Ягон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст. Ҷараёни об ва масрафи он дар кӯли Сарез бе тағйир буд. Яъне, ҷараён он 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мураббаъ дар як сония мебошад.

Ёдрас мешавад, ки соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд. Вале он замон низ дар Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон изҳор медорад: ягон сабабе барои ташвишу изтироб вуҷуд надорад!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.