Дар Душанбе 3 нафаре, ки роҳкироро надода, ронандаи таксиро латукӯб карданд, боздошт шуданд

Кормандони милитсия ба гумони авбошӣ се нафар сокинони шаҳри Душанберо боздошт намуданд. Онҳо аз пардохти маблағи роҳкиро саркашӣ намуда, таксиронро латукӯб намуданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе. Гуфта мешавад, кормандони милитсия аз рӯи ин далел Меҳроҷиддин Сафарови 29-сола, Парвиз Маҳмадраҳимови 29-сола ва Шаҳбоз Муқимови 30-соларо боздошт кардаанд. “Шоми рӯзи 23 феврал онҳо ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кормандони милитсия ба гумони авбошӣ се нафар сокинони шаҳри Душанберо боздошт намуданд. Онҳо аз пардохти маблағи роҳкиро саркашӣ намуда, таксиронро латукӯб намуданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, кормандони милитсия аз рӯи ин далел Меҳроҷиддин Сафарови 29-сола, Парвиз Маҳмадраҳимови 29-сола ва Шаҳбоз Муқимови 30-соларо боздошт кардаанд.

“Шоми рӯзи 23 феврал онҳо ба таксӣ нишаста, қариб 3 соат бо он дар шаҳр сайругашт кардаанд. Дар назди беморхонаи “Истиқлол” аз мошин фаромада, аз пардохти 100 сомонӣ маблағи роҳкиро тибқи ҳисобкунак саркашӣ мекунанд ва илова бар ин, ронандаи таксиро мавриди латукӯб қарор медиҳанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Ронанда рафтори онҳоро дар камераи телефони мобилии худ сабт мекунад ва маҳз ҳамин навор ҷиҳати исботи даст доштани шахсони дар боло зикршуда ба ин ҷиноят далел мешавад.

Дар Раёсати ВКД-и пойтахт зикр мекунанд, ки “дар амалҳои гумонбаршудагон содир гардидани ҷиноят мутобиқи аломатҳои моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошӣ) ба назар мерасад.

“Айни замон масъалаи оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ин далел баррасӣ мешавад”, – иттилоъ медиҳад милитсияи пойтахт.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 34 ҳазор то 68 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.