200 нафар камтар. Ҳазор ҷавон бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо кардаанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Моҳи январи соли равон 1 ҳазор ҷавони тоҷик бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо кардаанд. Дар ин бора Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, ҳар як ҷавон бо пардохти 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 26 ҳазору 880 сомонӣ аст (як нишондиҳанда дар соли 2022-юм 64 сомонӣ) хидмати ҳарбии даъвати тирамоҳиро адо карданд.

Ӯ гуфт, маблағҳо ба буҷет пеш аз соли нав бо меъёри як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар соли гузашта 64 сомонӣ буд, пардохт гардид. Аз 1-уми январи соли 2023 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ муқаррар гардид.

“Ин ҷавонон хидмати ҳарбиро дар марказҳои ҳарбии таълимии “Лоҳур” ва “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Душанбе, пойгоҳи маркази таълимӣ-ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва пойгоҳи таълимӣ – ҳарбии филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд адо карданд”, – гуфт Фаридун Маҳмадализода.

Тибқи муқарароти қонуни нав, ҷавонон барои адои ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб мегарданд.

Ба иттилои ӯ, ин ҷавонон дар ду баст ба хидмат ҷалб гардиданд: як қисм аз охири моҳи декабри соли 2022 то 18-уми январи соли 2023 ва қисми дуввум аз 20-уми январ то 10-уми феврал хидмати ҳарбиро адо карданд ва соҳиби билети ҳарбӣ гардиданд.

Фаридун Маҳмадализода афзуд, маблағи пардохтгардида барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, пардохти маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.

Гуфта мешавад, ки танҳо дар ду ҳолат маблағи пардохтнамудаи даъватшавнада баргардонида мешавад: дар ҳолати ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан ва фавт ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ.

Бояд гуфт, ки дар даъвати баҳории соли гузашта 1 ҳазору 200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гарданд.

Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи августи соли 2020 ҳукумати кишвар арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ (ҷойгузин) дар артиши кишварро муқаррар намуд. Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.

Қаблан Ҷовид Пирзода, ҳуқуқшиноси Вазорати мудофиа гуфта буд, ки қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад ва дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд, ки дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд.

Фармон дар бораи даъвати ҳарбии баҳорӣ ба имзо расид

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 1-уми март, Фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” содир шуд.

Мувофиқи фармони мазкур, даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз 1-уми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома хоҳад кард.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ – апрел ва май ҷараён мегирад ва шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват мешаванд.

Ҳамчунин хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел ва майи соли 2023 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат дода мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...