Тоҷикистоние, ки Ламборҷинии арзишаш 30 млн рубл бурд кард, кист?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шаҳрванди Тоҷикистон Умедҷон, ки дар бозии блогери озарбойҷонитабори Русия Гусейн Гасанов автомашинаи тамғаи «Ламборҷини Урус»-и арзишаш 30 млн рублро бурд кард, ҷавоне аз Кӯлоб мебошад. Ду ҳафта пеш ӯ синни 18-солагиро пур кард.

Тибқи шартҳои бозӣ, иштирокчиён дар саҳифаҳои худ дар Инстаграм бояд сторизи Гусейн Гасановро дар бораи бозии бурди Ламборҷини ва 10 айфони тиллоӣ нашр мекарданд, инчунин даҳ нафар дӯсти блогерро ба дӯстии худ мепазируфтанд.

Дар саҳифаи Умедҷон дар навиштаи чанде қабл зикр шуда буд, ки ӯ 18-сола буда, таҳсил мекунад. Ба табрикот дар Instgram ӯ бо забони тоҷикӣ ба ҳама изҳори миннатдорӣ намуда, хоҳиш кард, ки ташвиш надиҳанд, зеро ҳоло дар дарс аст.

Ба “Азия-Плюс” ҳоло муяссар нашуд, ки бо ӯ тамос бигирад.

Ба хабари ғолибияти ҷавони тоҷик дар бозии блогери Русия дар ҷомеаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.

Яке ӯро табрик кардаву дигарон ба пирӯзиаш бовар надоштанд. Бархеи дигар изҳори тассуф карданд, ки ҷавон натавонист ба блогер посухи муносиб гӯяд.

Зеро Умедҷон дар робитаи мустақими видеоӣ бо Гусейн Гасанов ба саволи омода буданаш барои сафар ба Маскав барои гирифтани ҷоизаи худ ҷавоб дода натавонист.

Дар навор дида мешавад, ки ҷавон хеле саросемаву дар ҳаяҷон буда, ба блогер қариб чизе посух гуфта натавонист.

https://www.youtube.com/watch?v=UL0bMsxl1qM

Гусейн Гасанов ба хулоса омад, ки ҷавон забони русиро намедонад ва бо вуҷуди забони русиро надонистану аз кадом кишвар будан, ӯ ғолиби бозӣ ва автомашинаи арзишаш 30 млн рублро бурд кард.

Блогер зикр кард, ки худаш барои ҷавон то Маскав билет мехарад ва аз дӯстони худ дар Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки ба хотири амнияти Умедҷон ӯро назорат кунанд, зеро пули бурд хеле калон аст.

Қобили зикр аст, ки корбарони шабака дар Ӯзбекистони ҳамсоя низ аз пирӯзии Умедҷон хушнуд гардида, зери навиштаҳояш ӯро табрик карданд.

Бояд гуфт, ин аллакай дуюмин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бахташ омад карда, чунин бурди калон ба даст меорад.

Чанде пеш боз як зодаи Тоҷикистон бо номи Абдувалӣ Аҳмадалӣ дар бозии лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire, ки рӯзи 1 феврал дар терминали 2-юми фурудгоҳи байнулмилалии Дубай – бузургтарини фурудгоҳи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 1 млн доллар бурд кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...