Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия марзи 53 ҳазор нафарро убур кард

Юнус Сезер, раиси Оҷонси мубориза бо офатҳои табиӣ (AFAD)-и Туркия гуфт, теъдоди қурбониёни заминларза дар ҷанубу шарқи кишвар ба 47 975 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории Anadolu. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни кушташудагон ҳудуди 6 ҳазору 278 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аксаран шаҳрвандони Сурия будаанд. Теъдоди захмиён аз 115 хазор нафар гузашт. “Дар минтақа зилзилаҳои такрорӣ […]

Юнус Сезер, раиси Оҷонси мубориза бо офатҳои табиӣ (AFAD)-и Туркия гуфт, теъдоди қурбониёни заминларза дар ҷанубу шарқи кишвар ба 47 975 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории Anadolu.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни кушташудагон ҳудуди 6 ҳазору 278 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аксаран шаҳрвандони Сурия будаанд.

Теъдоди захмиён аз 115 хазор нафар гузашт.

“Дар минтақа зилзилаҳои такрорӣ то ҳол идома доранд. Аз ин рӯ, мо гурӯҳҳои наҷотро дар ҳолати омодабош нигоҳ медорем. Тақрибан 300 наҷотдиҳандаи дигар аз кишварҳои хориҷӣ низ дар он ҷо қарор доранд”, – гуфтааст Юнус Сезер.

Ба таъкиди ӯ 74 ҳавопаймо ва 99 чархбол ба минтақаи заминларза кӯмакҳои башардӯстона ва хаймаҳо интиқол медиҳанд.

“Ба ҳамаи маҳалҳо бо роҳи хушкӣ ва ҳавоӣ расонидани озуқаворӣ давом дорад. Дар вилоят 12 хазору 140 техникаи бинокорию махсус фаъолона кор мекунанд. Теъдоди онҳое, ки дар хаймаҳо, шаҳрчаҳои контейнерӣ ва истироҳатгоҳҳо ҷойгир шудаанд, қариб ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар мерасад. Дар вилоят 17 ҳазору 787 контейнер гузошта шудааст”, – Юнус Сезер.

Раиси AFAD гуфта, ки 935 722 нафар аз минтақаи офат таҳвил дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои France24, теъдоди умумии кушташудагон дар Сурия ба 5 ҳазору 914 нафар расидааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 6-уми феврал дар ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 дараҷаӣ ва баъд аз он, як заминларзаи дигар ба шиддати 7,6 дараҷа рух дод. Заминларза ба Сурия низ таъсир расонд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.