Дар Дубай тоҷикистониеро ҷустуҷӯ доранд, ки миллион доллар бурд кард

Зодаи Тоҷикистон бо номи Абдувалӣ Аҳмадалӣ (Abduvali Akhmad Ali) дар бозии навбатии 143-юми лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire, ки рӯзи 1 феврал дар терминали 2-юми фурудгоҳи байнулмилалии Дубай – бузургтарин майдони ҳавоии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 1 миллион доллар бурд кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана бо истинод ба дафтари матбуоти фурудгоҳ. Нашрияи Gulf […]

Зодаи Тоҷикистон бо номи Абдувалӣ Аҳмадалӣ (Abduvali Akhmad Ali) дар бозии навбатии 143-юми лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire, ки рӯзи 1 феврал дар терминали 2-юми фурудгоҳи байнулмилалии Дубай – бузургтарин майдони ҳавоии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 1 миллион доллар бурд кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана бо истинод ба дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Нашрияи Gulf News-и Аморот иттилоъ медиҳад, ки Аҳмадалӣ ҳоло аз худ хабар надодааст, лекин барои гирифтани бурд метавонад ба маъмурияти баргузории бозии лотерея муроҷиат кунад.

Ба иттилои нашрия, билети бурдкардаи лотереяро бо арзиши 1 ҳазор доллар таҳти рақами 4226 Абдувалӣ тариқи Интернет 16 январи соли равон харидааст. Ӯ аввалин зодаи Тоҷикистон аст, ки дар бозии лотереяи фурудгоҳи Дубай 1 млн доллар бурд кардааст.

Зодаи Шри-Ланка Ясас Налин Патирана (Yasas Nalin Pathirana), ки бо билеташ зери рақами 0906 дар силсилаи “Туҳфаҳои ҷолиб” (Прекрасные сюрпризы) ба сифати ҷоиза мотосикли тамғаи BMW R nineT Pure-ро бурд кард, низ ҳоло аз худ хабар надодааст.

Аммо хабарнигорони Gulf News тавонистаанд дар бораи зодаи 48-солаи Ҳиндустон Амит Сараф (Amit Saraf), ки дар ҳамон силсилаи "Туҳфаҳои ҷолиб" бо билети лотереяи рақами 0115 мошини Mercedes Benz S500-ро бурд кард, маълумоти кофӣ ба даст оранд.

Сараф гуфтааст, рӯзи 12 январ дар роҳ ба пойтахти Ҳиндустон Ню-Дели 6 билети лотерея харидааст. Қобили зикр аст, ки ӯ аллакай якчанд сол дар бозии лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire иштирок карда, 20 январи соли 2021 ҷоизаи асосии 1 млн долларро бурд кардаст. Пас аз гирифтани маблағи бурдкардааш Сараф аз Бангалор ба Дубай омада, ширкати савдои худ тариқи интернетро низ ба ин ҷо кӯчонидааст.

“Замоне бурд дар ин лотерея ба ман имкон дод, ки аз Ҳиндустон ба Дубай кӯчам. Ин бозии лотереяро яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон медонам ва он имрӯз ба ман бори дуюм хушбахтӣ меорад”, – изҳор доштааст Сараф ба рӯзноманигорон.

Лотереяи Dubai Duty Free Millennium Millionaire аз соли 1999 баргузор мешавад. То имрӯз намояндагони аллакай 49 кишвар ҷоизаи асосии он – 1 млн долларро бурд кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.