Дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 14-15-уми сентябри соли 2023 зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар кори саммитҳо иштироки президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи корҳои марбут ба омодагӣ ҷиҳати баргузории вохӯриҳои сарони давлатҳои минтақаро оғоз кардааст. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олӣ зери роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода таъсис дода шуд, ки ба он роҳбарони вазорату идораҳо шомиланд. Ҳамчунин дар Вазорати корҳои хориҷӣ Котиботи саммитҳо фаъолият мекунад”, – зикр мегардад дар хабари ВКХ.

Таъкид мешавад, ки аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст ва асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Дар доираи саммитҳои мазкур баргузории Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, Вохӯрии аъзои Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ, Намоишгоҳи рассомон, Нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Вохӯрии  вазирони нақлиёт ва Консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин маротиба соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида, минбаъд соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, соли 2021 дар шаҳри Авазаи Туркманистон ва соли 2022 дар шаҳри Чолпон – Отаи Қирғизистон сурат гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...