Дар Русия нақша доранд патенти кориро барои 3 сол диҳанд

Asia-Plus

ВКД Русия бо пешниҳоди ваколатдори назди президенти Русия оид ба  масоили ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон Борис Титов дар мавриди дароз кардани муҳлати амали патенти корӣ барои муҳоҷирон то 3 сол розӣ шуд, хабар медиҳад "Интерфакс".

Вазорати корҳои дохилӣ омода аст, ки муҳлати додани патентро аз 10 то 5 рӯз кам карда, ҳамзамон бо риояи тамоми талаботи зарурӣ дар доираи назорати муҳоҷират муҳлати амали онро зиёд намояд.

Қаблан Титов ба ҳукумат ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни федералӣ аз 25 июли соли 2002 №115-ФЗ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» пешниҳод намуд, ки дар он зиёд кардани муҳлати ҳадди ниҳоии амали патенти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 12 то 36 моҳ пешбинӣ гардидаааст.

«Бо вуҷуди аз 10 рӯз зиёд набудани муҳлати қонунии баррасии ариза барои гирифтани патент, муҳоҷирон боз 20 рӯзи дигарро барои ҷамъоварӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳои зарурӣ сарф мекунанд.

Дар натиҷа коргарони хориҷӣ ҳар сол як моҳ аз фаъолияти иқтисодӣ берун монда, соҳибкорон аз бекористии онҳо зиён мебинанд ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба буҷет камтар ворид мешавад. То се сол дароз кардани мӯҳлати амали патент имкон медиҳад, ки дар шароити норасоии қувваи корӣ ин қадар вақти зиёдро беҳуда аз даст надиҳем», – изҳор доштааст Титов.

Ғайр аз ин, ваколатдор ҳамчунин ҷорисозии механизми дубора ба кор даъват намудани коргарони хориҷиро, ки вурудашон ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ шудааст, пешниҳод кардааст.

“Чунин манъкуниҳо нисбати боррасонҳо (курйерҳо), ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро чандин маротиба риоя накардаанд, инчунин афроде, ки қонуншиканиҳои ночизи маъмурӣ содир кардаанд, ҷорӣ мешавад. Ин ҷо дар навбати аввал бахши соҳибкории хурд, ки ба кормандони махсус ниёз дорад, зиён мебинад. Ба корфармоёни бовиҷдон ҳуқуқ додан мумкин аст, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи кушодани вуруд ба кормандони собиқи худ ариза пешниҳод кунанд ”, гуфта мешавад дар пешниҳоди ваколатдори бахши соҳибкорӣ.

Хадамоти федералии амният ва Вазорати молия ба пешниҳодоти Борис Титов эътироз баён накардаанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ низ ба имтиёзҳо розӣ аст, агар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тартиби ҷалби мутамаркази захираҳои корӣ барои ширкатҳои мушаххаси Русия ва иҷрои аксари аснод дар қаламрави кишварҳои шарикро такмил диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати меҳнат, ба иттилои дастгоҳи ваколатдор, ин пешниҳодро маъқул нашуморида, гуфтааст, ки таъхир то 30 рӯз бо айби худи коргарони хориҷӣ ва корфармоёни онҳо ба амал меояд, ки меъёрҳои қонунгузории муҳоҷиратро шарҳ намедиҳанд.

Имкони пешниҳоди дархости корфармоён барои кушодани вуруд ба кормандони собиқи худ бошад, танҳо ба афзоиши шумори қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ боис мегардад.

Вазорати корҳои дохилӣ низ ба имкони муроҷиати корфармоён барои кушодани вуруд ба кормандони собиқи худ эҳтиёткорона муносибат мекунад.

“Муовини вазир изҳори нигаронӣ кард, ки ин «хатари пайдоиши шахсони ҳуқуқии «якрӯза»-ро дорад, ки махсус барои кушодани вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода шудаанд, аз ҷумла бидуни нияти кори минбаъда ҳам дар ин корфармо ва ҳам умуман дар Русия”, – изҳор доштаанд дар хадамоти матбуоти Титов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...