Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо нашри иттилоияе ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дод, ки муваққатан аз ҳама гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар изҳороти ин ВКХ-и Қирғизистон, ки дирӯз, 14-уми март нашр шуд, бори дигар ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия дода шудааст, ки “аз ҳар гуна сафар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд”, зеро ба иттилои […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо нашри иттилоияе ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дод, ки муваққатан аз ҳама гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Дар изҳороти ин ВКХ-и Қирғизистон, ки дирӯз, 14-уми март нашр шуд, бори дигар ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия дода шудааст, ки “аз ҳар гуна сафар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд”, зеро ба иттилои ин ниҳод Тоҷикистон гӯё “бидуни огоҳии расмӣ сафар ба ин кишварро маҳдуд мекунад”.

“Тибқи иттилои сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон, марзбонон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба қирғизистониҳо иҷозат намедиҳанд, ки вориди ин кишвар шаванд. Дар натиҷа, қирғизистониҳо маҷбур мешаванд, ки маблағи иловагӣ сарф карда, билет харанд ва дар минтақаи транзитӣ парвози баргаштро мунтазир монанд”, – таъкид мегардад дар изҳороти ВКХ-и Қирғизистон.

Бояд зикр намуд, ки ин аввалин тавсияи худдорӣ аз сафар ба Тоҷикистон нест, ки ҷониби Қирғизистон ба шаҳрвандони худ медиҳад. Пеш аз ин, 22-юми декабри соли гузашта низ ВКХ-и Қирғизистон ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия дода буд, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Тавсияи такрории ВКХ-и Қирғизистон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон то имрӯз ҳеҷ як ҳодисаи озору бадрафторӣ нисбати қирғизистониён дар заминаи баҳси марзӣ сабт нашудааст. Баръакс, ВКХ-и Тоҷикистон 22-юми сентябр дар як изҳороти хеш оид ба афзоиши мавридҳои таъқибу табъизу тарсондани шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни давлати Қирғизистон хабар дода буд.

Қобили зикр аст, ки сарҳад аз тарафи Тоҷикистон боз буда, Қирғизистон пас аз муноқишаи навбатӣ якҷониба сарҳад бо Тоҷикистонро аз 21 майи соли 2021 баста буд ва он то ҳол баста боқӣ мемонад.

Муноқишаи ахир байни кишварҳо нимаи моҳи сентябр рух дод. Бар асари он аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин муноқиша манзилҳо ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздимарзӣ тахриб ва ё пурра вайрон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ