Мактаби бачагонаи мусиқӣ ба номи Дамирбек Олимов гузошта шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бо қарори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Деваштич, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ ҷойгир аст, ба ифтихори рӯзи зодрӯзаш ба номи Дамирбек Олимов, овозхони шинохтаи тоҷик гузошта шуд. Дар ин бора Бобоҷон Зокиров, яке аз пайвандони овозхон ба “Asia-Plus” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, маросими расмии бозкушоӣ ва номгузории ин мактаби бачагонаи мусиқӣ бо ширкати намояндагони фарҳанг аз вилоят ва ҷумҳурӣ  ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.

"Дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич аз 8-уми сентябри соли 2022 таҳти рақами 794 "Дар бораи номгузорӣ намудани Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Деваштич ба номи Дамирбек Олимов" дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ гардид", – гуфт Бобоҷон Зокиров.

Қаблан Бобоҷон Зокиров ба “Asia-Plus” хабар дода буд, ки пешниҳоди мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли сипаришуда бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.

Ҷасади Дамирбек Олимовро зуҳри ҳамон рӯз дар оромгоҳи Абӯбакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич ба хок супориданд. Марҳум 33 сол дошт ва аз сарояндагони соҳибистеъдоди рӯз ба ҳисоб мерафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...