Мактаби бачагонаи мусиқӣ ба номи Дамирбек Олимов гузошта шуд

Бо қарори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Деваштич, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ ҷойгир аст, ба ифтихори рӯзи зодрӯзаш ба номи Дамирбек Олимов, овозхони шинохтаи тоҷик гузошта шуд. Дар ин бора Бобоҷон Зокиров, яке аз пайвандони овозхон ба “Asia-Plus” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, маросими расмии бозкушоӣ ва номгузории ин […]

Бо қарори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Деваштич, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ ҷойгир аст, ба ифтихори рӯзи зодрӯзаш ба номи Дамирбек Олимов, овозхони шинохтаи тоҷик гузошта шуд. Дар ин бора Бобоҷон Зокиров, яке аз пайвандони овозхон ба “Asia-Plus” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, маросими расмии бозкушоӣ ва номгузории ин мактаби бачагонаи мусиқӣ бо ширкати намояндагони фарҳанг аз вилоят ва ҷумҳурӣ  ба зудӣ баргузор хоҳад шуд.

"Дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич аз 8-уми сентябри соли 2022 таҳти рақами 794 "Дар бораи номгузорӣ намудани Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Деваштич ба номи Дамирбек Олимов" дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ гардид", – гуфт Бобоҷон Зокиров.

Қаблан Бобоҷон Зокиров ба “Asia-Plus” хабар дода буд, ки пешниҳоди мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Деваштич ирсол гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли сипаришуда бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт.

Ҷасади Дамирбек Олимовро зуҳри ҳамон рӯз дар оромгоҳи Абӯбакри Сиддиқи ноҳияи Деваштич ба хок супориданд. Марҳум 33 сол дошт ва аз сарояндагони соҳибистеъдоди рӯз ба ҳисоб мерафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.