Дар Тоҷикистон боз заминларза ба қайд гирифта шуд

Дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 23 март соати 01:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Бино ба маълумоти пешакии Кумита бо истинод ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази заминларза 132 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт,  30 […]

Дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 23 март соати 01:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти пешакии Кумита бо истинод ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази заминларза 132 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт,  30 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ буда,   маркази заминларза    6-7 километр  шимол аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд воқеъ будааст.

Гуфта мешавад, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5-6  балл,  шаҳри Душанбе 3-4 балл, ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ 4-5 балл, минтақаи  Рашт  4-5 балл ва  дар ВМКБ  2-3 баллро ташкил дод.

Зикр мегардад, ки тибқи маълумоти гирифташуда аз  ҳудуди шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ, талафоти ҷонӣ ва хисорот  ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, км рӯзи 21 март, соати 21:47 дақиқа ба вақти маҳаллӣ низ дар қаламрави Тоҷикистон ва бархе аз кишвраҳои дигар заминларзаи сахт рух дод. Қувваи заминларза аз 6,5 то 7,7 баллро ташкил дод. Дар ҳамаи кишварҳое, ки таконҳо эҳсос шуд, мардум шитобкорона хонаҳои худро тарк карданд.

Таконҳои сахт дар Покистон, Ҳиндустон ва як қатор кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ эҳсос шуданд.

Дар Тоҷикистон заминларза дар саросари ҷумҳурӣ эҳсос шуда, дар ин бора сокинони Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Дарвоз, Исфара, Панҷакент, Хуҷанд ва дигар мавзеъҳо дар шабакаҳои иҷимоӣ хабар доданд. Бисёре аз сокинон бо тарси таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) манзилҳои худро тарк карда, муддати зиёд дар берун қарор доштанд.

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 268-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар музофоти Қундузи Афғонистон ҷойгир будааст.

Ба иттилои зилзилашиносони тоҷик,  қувваи заминларза дар умқи 195 километр воқеъ буда, дар марказаш 7 балл ва дар шаҳри Душанбе 5 баллро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.