Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон қариб 13% кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ 1878 сомонӣ (184 доллар)-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо моҳи пешин 12,3% камтар аст, гуфта мешавад дар гузориши ахири омории “Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҶТ”.

“Сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо назардошти таваррум) дар моҳи январи соли 2023 нисбат ба моҳи декабри соли 2022 ба андозаи 12,7% кам шуд”, – зикр мешавад дар гузориш.

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) дар ҷумҳурӣ 600 сомонӣ (55 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маоши нисбатан баландро дар моҳи аввали имсол кормандони бонк ва ширкатҳои суғурта гирифтаанд, ки маоши миёна дар онҳо 4861 сомонӣ (477 доллар) ва камтарро – кормандони бахши кишоварзӣ – 838 сомонӣ (82 доллар) гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш гуфта мешавад, қарзи умумӣ аз пардохти музди меҳнат дар Тоҷикистон бо назардошти бақияи солҳои пешин то аввали моҳи феврали соли 2023 зиёда аз 28,6 млн сомонӣ (ҳудуди 2,8 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – ҳудуди 15,2 млн сомонӣ (53,1% аз ҳаҷми умумии қарз) ва соҳаҳои нақлиёт ва нигаҳдории бор – зиёда аз 6,2 млн сомонӣ (21,7%) ба қайд гирифта шудааст.

Моҳи январи соли ҷорӣ миқдори қувваи корӣ (бо шуғл таъминбудагон ва бекорони сабтшуда) дар кишвар ҳудуди 2,6 млн нафарро тташкил дод, ки 52 ҳазор нафарашон мақоми бекорӣ доранд.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти гуногун, аз аҳолии 10 миллионннафараи Тоҷикистон беш аз 2 млн шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар берун аз ҳудуди кишвар кор мекунанд. Сабаби асосии ба хориҷи кишвар рафтани қувваи корӣ  мавҷуд набудани кор бо маоши шоиста дар кишвар унвон мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 марти соли равон музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба андозаи 25% ва дигар хизматчиёни давлатӣ -20% боло бурда шуд. Аз 1 июли соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ зиёд карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ  ва Русия ҳаҷми музди меҳнати миёнаи моҳона дар Тоҷикистон пасттарин боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти расмӣ, то нимсолаи дуюми соли гузашта маоши миёна дар Қазоқистон 650 доллар, Туркманистон – 383 доллар, Ӯзбекистон – 335 доллар, Қирғизистон – 280 доллар ва Русия – 828 долларро ташкил дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...