Ҷомеашиносон то кадом андоза хайрхоҳ будани тоҷикистониёнро муайян карданд

Дар Шохис (Индекс)-и ҷаҳонии хайрхоҳӣ-2023, ки дар торнамои World Population Review нашр шуд, байни 124 кишвар Тоҷикистон мақоми 46-умро ишғол кард. Шохиси ҷаҳонии хайрхоҳӣ (The World Giving Index) – нишондиҳандаи пайгирӣ (мониторинг)-и сатҳи фаъолияти хайрхоҳонаи давлат мебошад. Он соли 2010 аз ҷониби ширкати англисии Charities Aid Foundation таҳия шудааст. Он бар таҳқиқоти Донишкадаи амрикоии Гэллап […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар Шохис (Индекс)-и ҷаҳонии хайрхоҳӣ-2023, ки дар торнамои World Population Review нашр шуд, байни 124 кишвар Тоҷикистон мақоми 46-умро ишғол кард.

Шохиси ҷаҳонии хайрхоҳӣ (The World Giving Index) – нишондиҳандаи пайгирӣ (мониторинг)-и сатҳи фаъолияти хайрхоҳонаи давлат мебошад.

Он соли 2010 аз ҷониби ширкати англисии Charities Aid Foundation таҳия шудааст. Он бар таҳқиқоти Донишкадаи амрикоии Гэллап асос ёфтааст.

Маълумот дар заминаи натиҷаҳои назарпурсии аҳолӣ гирдоварӣ шуда, кумакпулӣ ва теъдоди одамони ба ёрии хайрхоҳона ҷалбшуда (бо %), инчунин муносибати умумии аҳолии кишварро ба фаъолияти хайрхоҳона ва ризокорӣ (волонтёрӣ) ба инобат мегирад.

Ба ҷуз кумакпулӣ, инчунин дигар шаклҳои ёрӣ ба ниёзмандон ба назар гирифта мешаванд.

Кишваре, ки дар он ҳарчи бештар одамонаш ба фаъолияти хайру эҳсонкорӣ машғуланд, дар мақоми баланд қарор мегирад.

Ба ин тариқ, мувофиқи маълумоти Шохис, дар Тоҷикистон 19%-и аҳолӣ хайру эҳсонкорӣ карда, 49% – ба шахсони ношинос ёрӣ мерасонанд ва 39% – ба фаъолияти ризокорӣ ҷалб шудаанд.

Нишондиҳандаи умумии хайрхоҳӣ дар кишвар 36%-ро ташкил додааст.

Каме болотар аз Тоҷикистон Туркманистон (нишондиҳандаи умумӣ – 43%) ва Ӯзбекистон (41%) ҷойгир шудаанд.

Поинтар аз Тоҷикистон Қирғизистон (33%), Афғонистон (31%), Қазоқистон (26%) ва Русия (21%) қарор гирифтаанд.

Бо нишондиҳандаи 58% ИМА дар зинаи аввал ва бо 16% Юнон дар зинаи охири шохис ҷойгиранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон теъдоди эҳтиёҷмандон хеле зиёд буда, аз ин рӯ, қаблан мо рӯйхати ташкилоту идораҳоеро гирдоварӣ намуда будем, ки ҳар кадоме аз ниёзмандон метавонад ба онҳо муроҷиат кунад.

Бо ин суроға шумо метавонед рақамҳои навшудаи телефонҳои хонаҳои кӯдакон, паноҳгоҳҳо ва мактаб-интернатҳоро барои кӯдакон дарёфт кунед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио