Роҳ ва таҳхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд зер лойоба монданд. Шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Date:

Дар пайи боришоти шадиди рӯзи гузашта дар баъзе манотиқи кишвар сел омада, хисорот низ ворид шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гшаҳрвандии Тоҷикистон, шоми 2 апрел бар асари боришоти борон маҳаллаи 3-юми кӯчаи Зуҳал, роҳи асосии маҳаллӣ ва чанд таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд зери сел мондаанд.

Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови низ сел омадааст.

“Дар натиҷа, ду километр роҳи маҳаллӣ тахриб ёфта, як бинои истиқоматӣ, ду молхона ва як қисми заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла як боғи зардолу, қисман зери об мондааст", – гуфтанд дар КҲФ.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сел ба қайд гирифта шудааст.

“Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара тақрибан 300 метр роҳи маҳаллиро лойоба ва сангреза зер кардааст”, – таъкид мекунад КҲФ.

Қисме аз роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ низ зери лойобаву сангреза мондааст.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд 2 мошини “Газел”-ро аз лойоба наҷот доданд.

Бахше аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низ аз лой тоза карда шудааст.

Айни ҳол барои анҷом додани дигар корҳо оид ба рафъи оқибатҳо ва муайян кардани зарар дар маҳалҳо комиссияҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунанд.

“Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, – гуфтанд дар КҲФ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...