“Сомон Эйр” бо ҳайати Чин имкони ифтитоҳи хатсайр ба Қошғарро баррасӣ кард

Date:

Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 13 апрел бо ҳайати шаҳри Қошғари ноҳияи Синҷон-Уйғури Чин дидору гуфтушунид кард.

Ҳайти ҷониби Чинро раиси Ҳукумати мардумии шаҳрии Қошғар Ясенҷон Яхеп роҳбарӣ кард.

Зимни вохӯрӣ масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла имкони ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе -Қошғар – Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Мо шаҳри Қошғарро яке аз самтҳои Чин, ки дар дурнамои миёнамуҳлат метавонем хатсайрҳо боз намоем, баррасӣ мекунем. Бешубҳа, ин кишварҳои моро ба ҳам боз наздиктар мекунад. Ният дорем, ки ба омӯзиши масоили ифтитоҳи хатсайр пардозем”, – иброз доштааст директори генералии ширкати “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо атрофи як қатор масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули назар намуданд.

Айни замон “Сомон Эйр” ба шаҳри Урумчии ин вилояти Чин парвозҳо анҷом медиҳад. Ин хатсайр аз 8 феврали соли ҷорӣ пас аз танафууси сесола бар асари пандемияи коронавирус барқарор карда шуд.

Ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоӣ муваффақона аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳо анҷом медиҳад.

Ширкат дар парки худ ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900-ро дар ихтиёр дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...