“Сомон Эйр” бо ҳайати Чин имкони ифтитоҳи хатсайр ба Қошғарро баррасӣ кард

Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 13 апрел бо ҳайати шаҳри Қошғари ноҳияи Синҷон-Уйғури Чин дидору гуфтушунид кард. Ҳайти ҷониби Чинро раиси Ҳукумати мардумии шаҳрии Қошғар Ясенҷон Яхеп роҳбарӣ кард. Зимни вохӯрӣ масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла имкони ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе -Қошғар – Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. “Мо шаҳри Қошғарро […]

Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 13 апрел бо ҳайати шаҳри Қошғари ноҳияи Синҷон-Уйғури Чин дидору гуфтушунид кард.

Ҳайти ҷониби Чинро раиси Ҳукумати мардумии шаҳрии Қошғар Ясенҷон Яхеп роҳбарӣ кард.

Зимни вохӯрӣ масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла имкони ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе -Қошғар – Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Мо шаҳри Қошғарро яке аз самтҳои Чин, ки дар дурнамои миёнамуҳлат метавонем хатсайрҳо боз намоем, баррасӣ мекунем. Бешубҳа, ин кишварҳои моро ба ҳам боз наздиктар мекунад. Ният дорем, ки ба омӯзиши масоили ифтитоҳи хатсайр пардозем”, – иброз доштааст директори генералии ширкати “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо атрофи як қатор масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули назар намуданд.

Айни замон “Сомон Эйр” ба шаҳри Урумчии ин вилояти Чин парвозҳо анҷом медиҳад. Ин хатсайр аз 8 феврали соли ҷорӣ пас аз танафууси сесола бар асари пандемияи коронавирус барқарор карда шуд.

Ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоӣ муваффақона аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳо анҷом медиҳад.

Ширкат дар парки худ ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва -900-ро дар ихтиёр дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.