Таваҷҷуҳи ширкатҳои маъруфи Чин ба бозорҳои Тоҷикистон

Дар вохӯрии раҳбарияти  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати Macao Bridge Technology Ltd, Alibaba ва чанде дигар ширкатҳои Чин имкони роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баррасӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита. Гуфта мешавад, вохӯрӣ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе баргузор шуда, дар он имкониятҳои ҳамкориҳо дар соҳаи логистика […]

Дар вохӯрии раҳбарияти  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати Macao Bridge Technology Ltd, Alibaba ва чанде дигар ширкатҳои Чин имкони роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баррасӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе баргузор шуда, дар он имкониятҳои ҳамкориҳо дар соҳаи логистика ва нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва соҳаҳои афзалиятноки дигар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ба намояндагони ширкатҳои Чин аз имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ва гирифтани маълумотҳо дар бораи имтиёзҳо дар сармоягузорӣ ва пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ маълумот дода шуд.

 “Ширкатҳои Чин ҷиҳати кушодани намояндагиҳои худ дар ҷумҳурӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки Чин дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба сармоягузори асосӣ дар Тоҷикистон табдил ёфт.

Аввалин сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди ҷумҳурӣ соли 2007 сурат гирифта, аз соли 2011 пас аз ҳалли масоили қаламрав байни кишварҳо онҳо ба таври назаррас зиёд шуданд.

Соли 2020 бар асари маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳаҷми сармоягузории Чин ду баробар коҳиш ёфта, лекин дар соли минбаъда қариб дар сатҳи то пандемия барқарор шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, ҳудуди 30% аз сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар дар давоми солҳои 2007-2021 ба Чин рост меоянд, ки маблағи умумии онҳо 3,3 млрд доларро ташкил медиҳад.

Сармоягузорони Чин ба соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон, аз қабили коомуникатсия, хидматрасониҳо дар бахши сохтмон ва молия, таҳқиқоти геологӣ ва кӯҳкорӣ, насби таҷҳизоти технологӣ, саноат ва ғайра маблағгузорӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.