Тоҷикистон ва Молдова корхона ва нуқтаҳои савдои муштарак таъсис медиҳанд

Миёни Тоҷикистон ва Молдова корхонаҳои муштарак ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатӣ таъсис мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим зимни мулоқоти Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Молдова бо Сергей Харя, президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова гирифта шудааст. “Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба […]

Миёни Тоҷикистон ва Молдова корхонаҳои муштарак ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатӣ таъсис мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим зимни мулоқоти Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Молдова бо Сергей Харя, президенти Палатаи савдо ва саноати Молдова гирифта шудааст.

“Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, ба тақвият додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва саноативу кишоварзӣ диққати махсус зоҳир намуданд”, – омадааст дар хабар.

Ҷонибҳо гуфтаанд, ки барои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд ҳарду давлат зарфияти васеъ ва имкониятҳои истифоданашуда доранд.

Ин ниҳоди Тоҷикистон менависад, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти агросаноатӣ зарур дониста шуд.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Молдова баргузор кунанд. Аммо маълум нест, ки ин форум кай баргузор мешавад.

Дар ин баробар, Давлаталӣ Назризода бо Даниэлла Мисайл-Никитин, котиби давлатии Вазорати корҳои дохилии Молдова мулоқот карда, масъалаи “муҳоҷирати меҳнатӣ”-ро низ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ҷонибҳо ба мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳо байни мақомоти марбутаи ду кишвар васеъ кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро дар ин самт муҳим арзёбӣ намудаанд.

Ёдовар мешавем, кишвари Молдова бераводид муҳоҷирони тоҷикро қабул мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.