“Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ…” Ёде аз овозхон Дӯстмурод Алиев

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дӯстмурод Алиев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, ки дар рӯзи таваллуд ва маргаш як рӯз фарқ ҳаст, умр медошт, имрӯз 73-сола мешуд. Ӯ 19-уми апрели соли 1950 дар ноҳияи Файзобод чашм ба олами ҳастӣ кушода, вале дар айёми камолот 18-уми апрели соли 1989 дар зодгоҳаш аз дори фонӣ даргузашт. Марҳум ҳамагӣ 39 сол умр дид.

Дӯстмурод Алиев аз зумраи овозхонони шинохтаи солҳои 1970-1990-ум ба ҳисоб мерафт. Ӯ аз соли 1975 то охири умр роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод буд.

Дӯстмурод Алиевро сарояндаи маънисарои замони худ медонанд. Садои форам ва таронаҳои пурмаънои марҳум қалби ҳазорон мухлисро тасхир кардааст ва оҳангҳои эҷодкардаи варо то ба имрӯз мухлисонаш гӯш медиҳанд.

Дӯстмурод Алиев гарчанде умри кам дид, вале аз худ мероси ғании маънавиву фарҳангӣ дар ёдҳо боқӣ гузошт. Ӯ танҳо дар ду даҳаи фаъолияти эҷодиаш беш аз 200 оҳанг офарид. Сурудаҳои бозхоникардааш беш аз 500 гуфта мешавад. Аммо, тибқи иттилои баролари Дӯстмурод Алиев, аз ӯ дар фонди тиллоии Радиои тоҷик танҳо 25 суруд боқӣ мондааст.

Асоси сурудаҳои ӯро васфи ватану меҳан, фидокориҳои мардуми шуҷоатманд, тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Яке аз сурудҳои маъруфи Дӯстмурод Алиев “Бимон” аст, ки дар замони зинда буданаш бисёр шӯҳратёр гашта ва пас аз маргаш вирди забонҳо буд.

Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,

Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ…

Овозхоне, ки пас аз маргаш ҳам зинда монд

Раҷабмурод Алиев, бародарбузурги Дӯстмуроди Алиев, зиндагии шахсӣ ва эҷодии овозхонро “китобе пур аз хотираҳои нек” арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳаводорони ҳунари додараш дар Афғонистону Эрон ва Самарқанду Бухоро кам набуданд ва як сафари онҳо ба мавзеи Оқсойи Самарқанд боиси оштии мардуми ду маҳал ва таҳкими дӯстии тоҷикону ӯзбекон гашта буд.

“Бародарам он қадар овози ҷазобу ширин дошт, ки барояш баландгӯяк даркор набуд ва ҳатто боре ба хотири озмоиш дар яке аз маъракаҳо барқро хомӯш мекунанд, вале ҳамон лаҳни хуши Дӯстмурод бидуни микрофон дар он шаб ҳамагонро тасхир мекунад”, – ёд меорад Раҷабмурод.

Раҷабмурод мегӯяд, бародараш мактаби хоси худро дошт ва бо гузашти солҳо зиёд дидаам, ки ҷавонон аз ӯ мухлисӣ мекунанд.

“Аз мо ҳам гузашт”. Баҳои Зафар Нозим

Санъатшиносон мегӯяд, ҳунари Дӯстмуроди Алӣ нотакрор аст ва ӯ танҳо як фарзанди Кабкрез (зодгоҳи овозхон) нест, балки мутааллиқ ба тамоми Тоҷикистон аст.

СПРАВКА ПО ТЕМЕ


Дӯстмурод Алиев 19-уми апрели 1950 дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети маданию маърифатии Институти давлатии санъати Тоҷикистон (1974). Солҳои 1974-1975 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Аз соли 1975 то охири умр роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод буд. Аз сурудҳои маъруфи ин овозхон “Баҳор омад”, “Махзани дурдона”, “Моҳи рухсорат”, “Моҳи Файзобод”, “Ноз”, “Мастона ба ноз омадаӣ”, “Садқаи чашмони ту”, “Савсани Ҳусн” ва “Туро ман дӯст медорам” ном гирифта мешаванд. Барои хидматҳояш дар роҳи санъат соли 1979 унвони Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистонро гирифтааст.

Гурез Нозимов, наздиктарин дӯсти Дӯстмурод Алиев, аз иштирок дар як маърака ва баҳои баланди Зафар Нозим, овозхони саршиноси тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ёдоварӣ мекунад.

Вай мегӯяд, Дӯстмурод Алиев суруди маъруфи “Модар”-и Зафар Нозимро бо лаҳни хоси худ бозхонӣ мекард. Дар маъракае ҳарду овозхонон бо ҳам рӯбарӯ шуданд ва Зафар Нозим аз Дӯстмурод Алиев хоҳиш кард, ки он сурудро дар ҳузураш бозхонӣ намояд.

“Устод Зафар торашро сӯи Дӯстмурод дароз кард. Он лаҳза булбули хушгуфтори мо ба гуфтор даромад. Ҳине, ки Дӯстмурод “Модар” мехонд, устод аз ваҷд буд ё “рашк”, ки паи ҳам сигор дар мегиронду калла ҷунбонда такроран ба забон меовард: “Бача гузашт”. Яъне, аз мо гузашт. Пас аз анҷоми суруд мавҷи қарсак ба фалак печид. Дигар устод Зафар маъракаро ба ихтиёри Дӯстмурод супурд”, – нақл мекунад Гурез Нозимов.

Ин дӯсти овозхон, ки аксаран Дӯстмурод Алиевро дар маъракаҳову ҷамъомадҳо ҳамраҳӣ мекард, чунин қисса мекунад:

Дӯстмуродро ба деҳаи Мағмуруди ноҳияи Ленин (имрӯза ноҳияи Рӯдакӣ) ба тӯй даъват карданд. Соҳиби хона қабл аз оғози маърака дар ҷойи хушманзараи боғи зардолу гилему кӯрпача орост. Бо хоҳиши аҳли нишаст Дӯстмурод рубоб ба даст гирифт. Сурудеро ба анҷом нарасонда дидам, ки дуртар аз ҷои нишасти мо, ду-се-чор ва баъд даста-даста занҳо ҷамъ шуданд. Дӯстмурод барои бонувон чанд суруд “тақдим” карду гуфт, “эй холаҳо, хоҳарои ҷон, шом шуд, рафта рӯзаҳоятонро кушоед”.  Аз он сӯ овози чанд нафар якбора баланд гардид: “Мо рӯзаро кушодагӣ ҳисоб, як-ду даҳани дигар бигир”.

Марги мармузи овозхоне, ки ҳавобаландӣ надошт

Гурез Нозимов мегӯяд, ки Дӯстмурод бо вуҷуди бузургиаш хеле хоксор буд, дасти саховат дошту дили бараҳм. Кам намешунидем, ки мегуфтанд: “Бо ҳама як аст”.

Нозимов таъкид мекунад, ки “Дӯстмурод Алиев феъли ҳавобаландӣ надошт. Мансабдору бемансаб барои ӯ як буд, бо мардуми одӣ шишту хезро авлотар медонист”.

Аммо ин дӯсташ ҳама гуна овозаҳои дар қиболи марги Дӯстмурод Алиев паҳншударо рад карда, мегӯяд, “ӯ ба иллати гурда гирифтор шуд”.

“Ҳақиқат он буд, ки он вақт дар Тоҷикистон мутахассисони варзида ангуштшумор буданд. Шояд Дӯстмурод аз гирифтории дарди гурда сари вақт ба духтур муроҷиат накард. Хулосаи дигар ҳамин аст, ки марги ӯ ҳукми тақдир буду риштаи умраш ба ҳамон қадар дарозӣ бофта шуда буд”, – мегӯяд Гурез Нозимов.

Дӯстмурод Алиев соли 1989, як рӯз пеш аз зодрӯзаш аз олам даргузашт. Рӯзи мотами ӯ бисёре аз устодони санъати тоҷик, аз ҷумла Одина Ҳошим ва Зафар Нозим ширкат доштанд.

https://www.youtube.com/watch?v=_osmG2EE06E

Дӯстмурод Алиев аз худ мактаби ҳунарӣ ба мерос гузошт. Ҳоло Раҷабмурод Алиев, Қурбон Одинаев, Бекмурод Гулмуродов, Ҳасан Шарифов (Файзобод), Пирхон Файзуллоев (аз Кушониён), Амриддин Кабирӣ (Бохтар), Сироҷиддин Киромзода (Душанбе), Маҳкам Мӯсоев (Ҷалолиддини Балхӣ), Мирзо Сафар (Норак) ва даҳҳои дигар мактаби Дӯстмурод Алиевро пайравӣ мекунанд.

Ҳоло дар ноҳияи Файзобод мактаби санъати ноҳия ва як ҷамоати деҳот номи Дӯстмурод Алиевро доранд. Дар зодгоҳаш деҳаи Кабкрез, наздик ба роҳи Ваҳдат – Файзобод, нимпайкараи овозхон ҳам гузошта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...