Мутахассис: “Тӯфони чангу ғубор нашъунамои зироатҳоро бозмедорад”

Дар Тоҷикистон бар асари тӯфони чангу ғубор ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба қайд гирифта шудааст. Индекс (шохис)-и сифати ҳаво мувофиқи маълумоти харита, ки обуҳаворо дар вақти воқеӣ месанҷад, “бад” аст. Ин натанҳо барои саломатии одамон, балки нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ низ зараровар аст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, зарраҳои чангу лой сӯрохии растаниҳоро баста, ба ҳавокашӣ ва […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бар асари тӯфони чангу ғубор ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба қайд гирифта шудааст. Индекс (шохис)-и сифати ҳаво мувофиқи маълумоти харита, ки обуҳаворо дар вақти воқеӣ месанҷад, “бад” аст. Ин натанҳо барои саломатии одамон, балки нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ низ зараровар аст.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, зарраҳои чангу лой сӯрохии растаниҳоро баста, ба ҳавокашӣ ва офтобгирии муътадил халал мерасонанд. Ин ба гирифторӣ ба бемориҳои гуногуни растанӣ, пайдо шудани ҳашароти зараррасон ва дар натиҷа нобуд шудани ҳосил боис мегардад.

“Агар пас аз чангу ғубор борони начандон зиёд борад, ин ба фоидаи кор хоҳад буд, зеро об лойҳои ба ниҳолҳо часпидаро шуста мебарад”, – мегӯяд фермер аз Турсунзода Бахтиёр Ҳаитбоев.

Тӯфони чангу ғубор бахусус ба қулфинай ва бодиринг дар ҳавои кушод таъсири манфӣ мерасонад, ҳарорати паст нашъунамои помидор, қаланфур ва бодинҷон (баклажан), дарахтони мевадорро бозмедорад. Тибқи мушоҳидаҳои мо, таъсири манфии чангу ғубор ба токҳои ангур ва кишти пиёзу карам низ ба назар мерасад.

Аз тарафи дигар, боришоти эҳтимолии зиёд низ ба киштзорҳо таъсири манфӣ расонида, боиси бемориҳо ва афзоиши ҳашароти зараррасон мегардад.

“Дар ин сурат ба деҳқонон лозим меояд, ки киштзорро бо воситаҳои муҳофизатӣ коркард кунанд ки ин хароҷоти иловагиро талаб мекунад, — мегӯяд доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев. — Ҳарорати паст ва намии баланд ба ҳосили дарахтони мевадор ва  токзор таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, дар чунин шароит истифода бурдани маводи кимиёвӣ ва биологӣ тавсия дода мешавад».

Тӯфонҳои чангу ғубор ба Тоҷикистон дар ноил гардидан ба иҷрои нақшаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ халал расонида метавонанд: имсол дар ҷумҳурӣ ба даст овардани ҳосили зиёда аз 2,6 млн тонна сабзавот, 1,1 млн тонна картошка, 855 ҳазор тонна полезиҳо ва 500 ҳазор тонна мева пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Ҳаитбоев, тӯфонҳои гарду ғубор дар натиҷаи эрозия (фарсоиш)-и шамол ба амал меоянд: шамол зарраҳои хурди хоки хушки беҳимояро мебарад. Ин гуна эрозия, масалан, дар ҷойҳое, ки дарахт мерӯяд, мушоҳида карда намешавад.

“Бинобар ин, дар атрофи киштзорҳо камарбанди ҷангалҳои муҳофизатӣ бунёд кардан лозим аст”, – зикр кард фермер.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.