Дар водии Ҳисор сардиҳо зиёда аз 80%-и ҳосили ангурро нобуд карданд

Нимаи моҳи апрел оқибатҳои сардиҳои шадиди моҳи январ дар токзорҳои Тоҷикистон маълум шуданд. Аз ҳама бештар боғҳои ангури водии Ҳисор зарар дида, ба токзорҳои вилоятҳои Суғду Хатлон сардиҳо қариб таъсир нарасонидаанд. Ба гуфтаи фермерони шаҳри Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав, дар токзорҳои онҳо зиёда аз 80%-и ҳосил нобуд шудааст. Барои барқарор намудани токзорҳо се-чор сол […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нимаи моҳи апрел оқибатҳои сардиҳои шадиди моҳи январ дар токзорҳои Тоҷикистон маълум шуданд. Аз ҳама бештар боғҳои ангури водии Ҳисор зарар дида, ба токзорҳои вилоятҳои Суғду Хатлон сардиҳо қариб таъсир нарасонидаанд.

Ба гуфтаи фермерони шаҳри Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав, дар токзорҳои онҳо зиёда аз 80%-и ҳосил нобуд шудааст. Барои барқарор намудани токзорҳо се-чор сол вақт лозим аст.

Ба гуфтаи фермер аз шаҳри Турсунзода Ҳабибулло Ҷӯраев, бар асари ин имсол ҳосил хеле кам – тақрибан 10-15% аз ҳосили соли гузашта мешавад. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 278 ҳазор тонна ҳосили ангур гирифта шуда, аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ пас аз Ӯзбекистон ва Туркманистон зинаи сеюмро ишғол кард.

Ба гуфтаи кишоварзони маҳаллӣ, аз соли оянда тадриҷан ҳамасола 20-25% ҳаҷми истеҳсоли ангур зиёд шуда, танҳо баъди 4 сол то сатҳи ҳосили соли 2022 барқарор мешавад. Ин маблағ ва меҳнати зиёдеро талаб мекунад, зеро токи хушкро пурра иваз кардан лозим меояд.

Имсол мувофиқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, истеҳсоли ангур бояд то 281 ҳазор тонна зиёд карда шавад.

Дар вилояти Хатлон ҳудуди 120-125 ҳазор тонна, вилояти Суғд – 60-65 ҳазор тонна ва ноҳияҳои водии Ҳисор – ҳудуди 100 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда мешавад. Байни ноҳияҳо ҳам аз лиҳози истеҳсол ва ҳам аз ҷиҳати ҳосилнокӣ аз 1 гектар шаҳри Турсунзода дар ҷойи аввал аст.

Соли гузашта дар ин ҷо 53 ҳазор тонна ҳосили ангур ба даст оварда шуд, ки ҳудуди 20% аз ҳосили умумии он дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Токзорҳои калонтарини Тоҷикистон дар шаҳрҳои Истаравшану Ҳисор ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Данғара ҷойгиранд. Умедворӣ ҳаст, ки ангурпарварони вилоятҳои Хатлону Суғд талафоти ҳосилро дар водии Ҳисор ҷуброн мекунанд.

Комиссияи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ки ба омӯзиши таъсири сардиҳои моҳи январ ба зироати кишоварзӣ машғул аст, ҳоло натиҷаҳои таҳқиқоти худро эълон накардааст, зеро кор идома дошта, натиҷаи оқибатҳо аз рӯи баъзе растаниҳо то охири тобистон муайян карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.