Масъули СММ гуфт, метавонанд фаъолиятро дар Афғонистон қатъ кунанд

Созмони Милали Муттаҳид метавонад моҳи оянда тарҳҳояшро дар Афғонистон қатъ ва кормандони хориҷиашро аз он кишвар берун барад, агар натавонанд Толибонро ба иҷозаи фаъолияти занон дар ин созмон мутақоид созад. Дар ин бора Аким Стайнер, роҳбарои Барномаҳои рушди СММ дар суҳбат бо расонаҳо хабар додааст. Қаблан Толибон фаъолияти занонро дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тарҳҳои […]

Asia-Plus

Созмони Милали Муттаҳид метавонад моҳи оянда тарҳҳояшро дар Афғонистон қатъ ва кормандони хориҷиашро аз он кишвар берун барад, агар натавонанд Толибонро ба иҷозаи фаъолияти занон дар ин созмон мутақоид созад.

Дар ин бора Аким Стайнер, роҳбарои Барномаҳои рушди СММ дар суҳбат бо расонаҳо хабар додааст.

Қаблан Толибон фаъолияти занонро дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тарҳҳои СММ манъ кардаанд. Рӯзи 5-уми апрел СММ хабар дод, ки Толибон расман талаб кардаанд, занони афғонистонӣ дар ҳайати маъмурияти СММ дар ҳудуди Афғонистон кор накунанд.

Аким Стайнер гуфт, айни замон намояндагони СММ бо Толибон ба умеди дарёфти иҷозаи фаъолияти занон дар маъмуриятҳои башардӯстонаи СММ гуфтугӯ доранд.

Толибон баъди сари қудрат омадан дар моҳи августи соли 2021 қадам ба қадам ҳуқуқҳои занони афғонистониро маҳдуд карданд. Онҳо аввал вазорати кор бо занонро барҳам доданд, баъдан танҳо ба кӯча баромадани занонро манъ карданд. Ба занону духтарон иҷоза надоданд, ки бо варзиш машғул шаванд ва занони наттоқи телевизионҳоро маҷбур намуданд, ки ҳиҷоб пӯшанд. Ба ин тартиб, таҳсили духтарони аз синфи шаш болоро иҷоза надоданд ва донишҷӯдухтаронро низ нагузоштанд, ки таҳсилоти олӣ гиранд.

Ҳамаи ин маҳдудиятҳо барои занон дар ҳоле, ки пештар, пас аз ишғоли қудрат дар Кобул Толибон ваъда дода буданд, ҳуқуқи занонро ҳимоя хоҳанд кард. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио