Марде барои паҳнкунии маълумоти маҳрамона ва тамаъҷӯӣ ба 16 солу 6 моҳ равонаи зиндон шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шаҳрванд Б.Б. моҳи декабри соли 2021 бо шаҳрванд Т. дар манзили истиқоматии модараш дар ноҳияи Ашт шинос шуда, зимни суҳбат муносибати дӯстона пайдо карда, маслиҳати муносибати маҳрамона намуданро кардаанд, менависад сомонаи Додгоҳи ноҳияи Ашт.

Додгоҳ ному насаб ва синну соли онҳоро бо далели меъёрҳои аълоқӣ зикр намекунад, вале оиладор будани онҳоро тасдиқ менамояд. Манбаъ менависад, ин ду шаҳрванд аз моҳи декабри соли 2021 то моҳи августи соли 2022 “якчанд маротиба дар манзили истиқоматии Т. ва ҳамзамон дар манзили истқоматии модари Б.Б. алоқаи ҷинсӣ кардаанд”.

“Моҳи августи соли 2022 тахминан соатҳои 21:00 дақиқа Б.Б. ба хонаи Т. рафта, пас аз алоқаи ҷинсӣ намудан ҳолати бараҳнагии Т.-ро бидуни розигияш, тариқи телефони мобилиаш, бо мақсади ғараз, яъне бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда ба даст овардани фоидаи муфт аксбардорӣ карда, дар хотири телефони мобилиаш нигоҳ доштааст”, – хабар медиҳад додгоҳ.

Тавре додгоҳ зикр мекунад, мард барои паҳн накардани аксҳои урёни зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ маблағ талаб мекунад ва таҳдид менамояд, ки дар сурати дар оянда рад кардани алоқаи ҷинсӣ онҳоро ба шавҳараш равон мекунад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи таҳдид ва тамаъҷӯии мард, зан барои “фош нашудани маълумоти шахсияаш тариқи корти “Душанбе-Сити” ба мард 500 сомонӣ маблағ равон мекунад”.

Додгоҳ хабар медиҳад, ки дар асоси хулосаи ташхиси судӣ-санъатшиносӣ дар дохили хотираи телефони мобилӣ аксҳои бидуни ризогии зан бардоштаи мард пайдо ва тасдиқ шудааст.

Ҳоло бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ашт аз 10 феврали соли 2023 дар асоси моддаи 67 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ аз рўи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ба мард ҷазои ниҳоӣ 16 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати ду сол таъйин карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...