Шералӣ Кабир: Дар 5 сол рушди воқеии саноати Тоҷикистон 2 баробар афзуд

Дар Тоҷикистон ҷиҳати саноатикунонӣ (индустриякунонӣ)-и босуръат, ки ҳадафи чоруми стратегии рушди миллӣ эълон шудааст, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир. “Ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, заминаи ҳадафноки мавҷудаи кишвар барои ҳарчи зудтар ва босифат ба ҳадафҳои пешбинишуда расидан имкон медиҳад”, – гуфт вазир рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҷиҳати саноатикунонӣ (индустриякунонӣ)-и босуръат, ки ҳадафи чоруми стратегии рушди миллӣ эълон шудааст, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир.

“Ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, заминаи ҳадафноки мавҷудаи кишвар барои ҳарчи зудтар ва босифат ба ҳадафҳои пешбинишуда расидан имкон медиҳад”, – гуфт вазир рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар маросими анҷоми лоиҳа оид ба Барномаи сиёсати инноватсионӣ.

Роҳбари Вазорати саноат итминон медиҳад, ки тайи 5 соли ахир рушди воқеии саноати Тоҷикистон 2 баробар афзуд.

Сарфи назар аз натиҷаҳои ноилгардида, ӯ фароҳам сохтани муҳити бештар мусоиди сармоягузорӣ ва фазои соҳибкорӣ, такмили қонунгузории андоз ва беҳбуди имконоти содиротии кишварро зарур медонад.

Ба гуфтаи вазир, боз як масъалае, ки бояд роҳи ҳалли худро пайдо кунад, омодагии кадрҳо мебошад.

Вазъият бо кадрҳоро ӯ “буҳронӣ” номида, зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ барои гирифтани маълумоти касбӣ дар соҳаи саноат имконият нест.

Шералӣ Кабир инро чунин шарҳ дод, ки дар макотиби олии Тоҷикистон факултаҳои омодакунии мутахассиисони соҳаи саноат мавҷуд нестанд.

Ӯ илова намуд, ки  саноатикунонии босуръат ба рушди тамоми иқтисоди кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли 2021 саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ҳадафи чоруми ҳукумати ҷумҳурӣ эълон шуд.

Мувофиқи Стратегияи милли рушд барои давраи солҳои 2016-2030, ҳукумат ният дорад, ки то аввали даҳсолаи оянда Тоҷикистонро ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил диҳад. Бо ин мақсад рушди иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва коҳиши вобастагии иқтисоди кишвар аз бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, соли 2022 ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 17% ва бахши кишоварзӣ – 24,6%-ро ташкил дод. Як сол пеш ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 18,2% ва 24,1% баробар буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.