Дар 4 соли наздик Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ зиёда аз 178 млн сомонӣ ҷудо мекунад

Ба қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2002 дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 замима нашр шуд. Дар санад ҷузъиёти маблағгузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар давраи солҳои 2023-2026 зикр шудааст. Дар 4 соли наздик барои рушди бахши сайёҳӣ ҷудо шудани 178 млн […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ба қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2002 дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 замима нашр шуд. Дар санад ҷузъиёти маблағгузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар давраи солҳои 2023-2026 зикр шудааст.

Дар 4 соли наздик барои рушди бахши сайёҳӣ ҷудо шудани 178 млн 665 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 16,3 млн доллар) пешбинӣ гардидааст.

Аз ҳама бештар – 92 млн 590 ҳазор сомонӣ ба индустриаликунонии ҳарчи зудтари соҳаи сайёҳӣ ҷудо карда мешавад.

Аз ин миқдор 24 млн 950 ҳазор сомонӣ ба дастгирии сохтмони ҷойҳои таваққуф барои сайёҳон, аз ҷумла нуқтаҳои хӯроки тезтайёр (фаст-фуд), ҳоҷатхонаву ҷойҳои шустушӯ, макони истироҳат ва ғайра, “барои таъмини доимии вазъи хуби санитарӣ-эпидемиологӣ ва экологӣ дар зерсохтори минтақаҳои сайёҳӣ ва роҳҳо” равона мешавад.

Дар ин самт сохтмони осоишгоҳ ва меҳмонхонаҳои муосир дар шаҳру навоҳӣ, иншоот дар назди кӯлу дарёҳо бо назардошти таъмини амнияти экологӣ, рушди зербинои ёдгориҳои таърихӣ ва иншооти сайёҳӣ, инчунин меҳмонхонаҳо дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

Бо ин мақсад шарикони рушд (як қатор созмонҳои байнулмилалӣ) 45 млн 200 ҳазор сомонӣ, бахши хусусӣ – 42 млн 260 ҳазор сомонӣ ва ҳукумат – зиёда аз 5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд.

Барои муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун тамға (бренд)-и миллӣ ва дастгирии иттилоотии бахши сайёҳӣ 31 млн 530 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба самтҳои маркетинг (бозорёбӣ) ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ тариқи иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ, рушди хизматрасониҳои сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳа, таҳкими иқтидори кадрии бахш ва такмили низоми идоракунии соҳа низ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Барои амалисозии барнома се сарчашмаи маблағгузорӣ – пулҳои созмонҳои шарик (93,4 млн сомонӣ), бахши хусусӣ (49,6 млн сомонӣ) ва давлат (35,6 млн сомонӣ) истифода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.