Муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Намояндагони Тоҷикистон моҳи май дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз иштирок мекунанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Дар ҷараёни вохӯрии раҳбарияти Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ бо сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе сафир аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз маълумот дода, даъват ба амал овард, ки намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар он иштирок кунанд. Дар посух роҳбарияти Кумита баён доштанд, […]

Наим Халимов

Намояндагони Тоҷикистон моҳи май дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз иштирок мекунанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Дар ҷараёни вохӯрии раҳбарияти Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ бо сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе сафир аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз маълумот дода, даъват ба амал овард, ки намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар он иштирок кунанд.

Дар посух роҳбарияти Кумита баён доштанд, ки намояндагони Тоҷикистон барои иштирок дар намоишгоҳи мазкур омодагӣ гирифта истода, барои муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат тамоми тадбирҳо андешида мешавад.

Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки байни мақомоти дахлдори сайёҳии тарафҳо бояд вохӯрии маҷозӣ ташкил гардида, барои анҷом додани ин кор масъул аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муайян карда шавад.

Гуфта мешавад, роҳбарияти Кумита ба сафири Арабистони Саудӣ оид ба имтиёзҳои роҳандозишуда аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дод.

Зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.