Маълум шуд, ки дар Маскав чӣ қадар мусулмонон Иди Рамазонро ҷашн мегиранд

Ҳудуди ним миллион мусулмонон рӯзи 21 апрел Иди Рамазонро дар шаҳр ва вилояти Маскав ҷашн мегиранд. Дар ин бора дар Шӯрои муфтиёти Русия хабар додаанд, менависад Islam-today. Ба ин тариқ, танҳо дар назди Масҷиди ҷомеи Маскав аз ҷамъшавии на камтар аз 150 ҳазор нафар интизорӣ меравад. Ба сурати умум, яке аз идҳои асосии мусулмониро дар […]

Asia-Plus

Ҳудуди ним миллион мусулмонон рӯзи 21 апрел Иди Рамазонро дар шаҳр ва вилояти Маскав ҷашн мегиранд. Дар ин бора дар Шӯрои муфтиёти Русия хабар додаанд, менависад Islam-today.

Ба ин тариқ, танҳо дар назди Масҷиди ҷомеи Маскав аз ҷамъшавии на камтар аз 150 ҳазор нафар интизорӣ меравад. Ба сурати умум, яке аз идҳои асосии мусулмониро дар шаҳр ва вилояти Маскав ҳудуди 500 ҳазор нафар ҷашн мегиранд.

Дар шаҳри Маскав аз иштироки зиёда аз 300 нафар ибодаткунандагон ва вилояти Маскав – ҳудудии 200 ҳазор нафар интизорӣ меравад.

Чанде пеш дар робита ба корҳои тадорукотии баргузории Иди Рамазон бо мақомоти ҳокимияти шаҳру вилоят машварат гузаронида шудааст.

Дар Маскав маъмулан барои намози ид ҳамаи масҷидҳо амал карда, инчунин иловатан майдонҳо ҷудо карда мешаванд. Дар вилояти Маскав намози ид дар 50 масҷид, марказҳои мусулмонон, ҷойҳои намозгузорӣ ва майдонҳои иловагӣ гузаронида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон эълом дошт, ки Иди Рамазон дар ҷумҳурӣ рӯзи 21 апрел таҷлил гардида, намози ид дар ҳамаи масҷидҳо соати 6:30-и субҳ оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.