“4 филм ба навор гирифта мешавад”. “Тоҷикфилм” бо киностудияи “Лендок”-и Русия ҳамкориро ба роҳ монд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо киностудияи “Лендок”-и Русия 4 филми ҳунарӣ, мустанад ва тасвирӣ ба навор мебардорад. Дар ин бора аз МД “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тавофуқ ҳафтаи гузашта дар мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” бо Алексей Телнов, директори генералии киностудияи  “Лендок” ҳосил шудааст.

“Маҳмадсаид Шоҳиён ва Алексей Телнов зимни вохӯрӣ доир ба рушди ҳамкориҳо, филмбардории  муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карданд”, – гуфтанд дар “Тоҷикфилм”.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо барои ба навор бардоштани 4 филми ҳунарӣ, мустанад ва тасвирӣ тавофуқ ҳосил кардаанд: филмҳои ҳунарии “Оромӣ дар кӯҳҳо”, “Афсонаи пирмард Хаттаб”, филми мустанади “Масҷид” ва филми тасвирии “Бабри барфӣ”.

Ба таъкиди манбаъ, дар таҳияи филмҳо аҳли эҷоду техникӣ ва ҳунарпешаҳои тоҷик ҷалб карда шуда, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодӣ ва ҳунарпешаҳои рус ва ҳунарпешаҳои дигар кишварҳо рӯйи навор оварда мешавад.

Пешбинӣ мешавад, ки ин филмҳо дар манотиқи Тоҷикистон ба навор бардошта хоҳанд шуд. Масъулини “Лендок” муддати ду рӯз аз ҷойҳои таърихию сайёҳӣ ва НБО “Норак”, “Хоҷа оби гарм”, дараи Варзоб ва Қалъаи Ҳисор боздид кардаанд.

“Аҳли эҷоди киностудияи “Лендок” ҳоло ба таҳияи филмнома оғоз кардааст ва аз пурра омода шудани он, барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҳайати мушовараи “Тоҷикфилм” пешниҳод мекунанд”, – гуфт манбаи мо.

Бояд гуфт, ҳоло “Тоҷикфилм” бо Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ҳам ҳамкориашро ба роҳ мондааст. Дар ҳамкорӣ ва тавофуқи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳурҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” шурӯъ гардидаст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрел дар павилиони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” шурӯъ гардида буд ва ҳоло натиҷаи он расонаӣ нагардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...