“4 филм ба навор гирифта мешавад”. “Тоҷикфилм” бо киностудияи “Лендок”-и Русия ҳамкориро ба роҳ монд

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо киностудияи “Лендок”-и Русия 4 филми ҳунарӣ, мустанад ва тасвирӣ ба навор мебардорад. Дар ин бора аз МД “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин тавофуқ ҳафтаи гузашта дар мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” бо Алексей Телнов, директори генералии киностудияи  “Лендок” ҳосил шудааст. “Маҳмадсаид Шоҳиён ва Алексей Телнов […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо киностудияи “Лендок”-и Русия 4 филми ҳунарӣ, мустанад ва тасвирӣ ба навор мебардорад. Дар ин бора аз МД “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тавофуқ ҳафтаи гузашта дар мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” бо Алексей Телнов, директори генералии киностудияи  “Лендок” ҳосил шудааст.

“Маҳмадсаид Шоҳиён ва Алексей Телнов зимни вохӯрӣ доир ба рушди ҳамкориҳо, филмбардории  муштарак ва ба намоиш гузоштани филмҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ибрози назар карданд”, – гуфтанд дар “Тоҷикфилм”.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо барои ба навор бардоштани 4 филми ҳунарӣ, мустанад ва тасвирӣ тавофуқ ҳосил кардаанд: филмҳои ҳунарии “Оромӣ дар кӯҳҳо”, “Афсонаи пирмард Хаттаб”, филми мустанади “Масҷид” ва филми тасвирии “Бабри барфӣ”.

Ба таъкиди манбаъ, дар таҳияи филмҳо аҳли эҷоду техникӣ ва ҳунарпешаҳои тоҷик ҷалб карда шуда, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодӣ ва ҳунарпешаҳои рус ва ҳунарпешаҳои дигар кишварҳо рӯйи навор оварда мешавад.

Пешбинӣ мешавад, ки ин филмҳо дар манотиқи Тоҷикистон ба навор бардошта хоҳанд шуд. Масъулини “Лендок” муддати ду рӯз аз ҷойҳои таърихию сайёҳӣ ва НБО “Норак”, “Хоҷа оби гарм”, дараи Варзоб ва Қалъаи Ҳисор боздид кардаанд.

“Аҳли эҷоди киностудияи “Лендок” ҳоло ба таҳияи филмнома оғоз кардааст ва аз пурра омода шудани он, барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҳайати мушовараи “Тоҷикфилм” пешниҳод мекунанд”, – гуфт манбаи мо.

Бояд гуфт, ҳоло “Тоҷикфилм” бо Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ҳам ҳамкориашро ба роҳ мондааст. Дар ҳамкорӣ ва тавофуқи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳурҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” шурӯъ гардидаст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрел дар павилиони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” шурӯъ гардида буд ва ҳоло натиҷаи он расонаӣ нагардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ