Истирдоди ҷинояткорон ва маҳкумшудагон. Мулоқоти додситонҳои кулли Тоҷикистону Туркия

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ дар Туркия, бо ҳамкасби хеш Бекир Шаҳин мулоқот карда, масъалаи созмонҳои террористӣ эътироф кардани ташкилотҳои хатарзоро дар ҳудуди якдигар баррасӣ кардааст. Дар ин бора маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ дирӯз, 2-юми май, сурат гирифта, ҷонибҳо ҳамчунин, ҳамкории мақомоти прокуратураҳои […]

Asia-Plus

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ дар Туркия, бо ҳамкасби хеш Бекир Шаҳин мулоқот карда, масъалаи созмонҳои террористӣ эътироф кардани ташкилотҳои хатарзоро дар ҳудуди якдигар баррасӣ кардааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ дирӯз, 2-юми май, сурат гирифта, ҷонибҳо ҳамчунин, ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро баҳс кардаанд.

“Дар ҷараёни гуфтушунид ҳамчунин, идома додани таҷрибаи пурсамари мубодилаи маълумоти фаврӣ ва муқовимати бевосита ба зуҳуроти номатлуби болозикр, аз ҷумла пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳкумшудагон ва дигар масоили муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд”, – омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Манбаъ, дар робита ба эътирофи созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун ташкилоти террористӣ дар ҳудуди якдигар иттилоъ дода, аммо мушаххас аз ҳеҷ созмоне ном набурдааст. Маълум нест, ки сухан дар бораи кадом созмон ё ташкилоти хатарзо меравад.

Дар гузашта, Тоҷикистон бо чанде аз кишварҳо дар мавриди эътироф гардидани созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун ташкилоти террористӣ ва истирдоди ҷинояткорон созишномаҳо ба имзо расонида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ