Ҳалокати 4 нафар дар пайи заҳролудшавӣ аз хӯрок дар Шаҳритус

Дирӯз, 2-юми май, дар деҳаи Холматови ҷамоати деҳоти Худойназари ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 9 узви ду оила аз хӯрок заҳролуд шуда, дар натиҷа, 4 нафар  ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвр хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки ҳодиса, бегоҳии дирӯз, 2-юми май, тахминан […]

Asia-Plus

Дирӯз, 2-юми май, дар деҳаи Холматови ҷамоати деҳоти Худойназари ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 9 узви ду оила аз хӯрок заҳролуд шуда, дар натиҷа, 4 нафар  ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвр хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ҳодиса, бегоҳии дирӯз, 2-юми май, тахминан соати 18:35 рух дода, ҳамаи онҳо дар натиҷаи хӯрдани хӯрок заҳролуд шудаанд. Маълум нест, ки онҳо маҳз аз кадом намуди ғизо заҳролуд шудаанд.

КҲФ ҳамчунин, аз ҳалокшудагон ва бистаришудагон ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки тафтиши ҳодиса идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъи худ навиштааст, ки қурбониён панҷ узви як хонадон буда, дар байнашон се кӯдак ҳам ҳаст, ки ҳамаи онҳо дар беморхона ҷон доданд.

Ҳамаи онҳоро субҳи имрӯз, 3-юми май, дар оромгоҳи деҳаи Свердлови ноҳия дафн кардаанд.

“Шахсони наздик ба оила хабар доданд, ки эҳтимол заҳролудшавӣ аз ғизои консервашуда сабаби марг шудааст. Муҳайё Авазалиева ва хоҳараш Миҷгона Авазалиеваро бо се кӯдак шоми 2-юми май ба шифохонаи ноҳияи Шаҳритус бурда буданд”, – навиштааст манбаъ.

Ин ҳодисаи аввал нест, ки хӯриши хонагӣ ё хӯрок боиси марги чанд узви як оила мешавад.

Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонавода аз хӯриши “икра” (хӯриш) заҳролуд шуда, се аъзои оила ба ҳалокат расида буданд.

Ҳодиса рӯзи 11-уми ноябри соли 2022 дар оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳия рух дода буд.

Ҳамчунин, чанде пеш ду кӯдаки 9 ва 12-сола ҳамроҳи модарашон дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент, баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд. Онҳо узви як оила буда, аз ин оила танҳо як кӯдаки 13-сола зинда монд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ