Боз 104 нафар аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд

Рӯзи 21 май гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз 104 нафар (29 оила) бо шумули занон, наврасон ва тифлони хурдсол тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе онҳоро муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, ёвари президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди […]

Рӯзи 21 май гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз 104 нафар (29 оила) бо шумули занон, наврасон ва тифлони хурдсол тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе онҳоро муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, ёвари президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Гуфта мешавад, бо дархости ҷониби қазоқистонӣ, ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуданд.

"Раванди баргардонидани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу “Сурия қарор доранд ҳанӯз се сол қабл бо дастури бевоситаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда буд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Таъкид мешавад, ки дар ин муддат Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти зирабти Тоҷикистон ва Сурия ҷиҳати амалисозии ин иқдоми башардӯстона ба натиҷаҳои амалӣ даст ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.