Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан (ҳудуди 57 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо мекунад, гуфта мешавад дар лоиҳаи созишномаи дахлдор дар ин бора, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст. Ин созишнома дар баробари 12 қарордоди дигари ҳамкориҳои дуҷониба рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар Пекин аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту […]

Наим Халимов

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан (ҳудуди 57 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо мекунад, гуфта мешавад дар лоиҳаи созишномаи дахлдор дар ин бора, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Ин созишнома дар баробари 12 қарордоди дигари ҳамкориҳои дуҷониба рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар Пекин аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расид.

Дар лоиҳа таъкид шудааст, ки кумак бо дархости ҳукумати Тоҷикистон “барои иҷрои тарҳҳои мувофиқашудаи тарафҳо” ҷудо карда мешавад.

“Шартҳои мушаххас барои лоиҳаҳо дар созишномаҳои иловагӣ, ки аз ҷониби тарафҳо имзо мешаванд, пешбинӣ карда мешаванд”, – таъкид мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Дар он гуфта мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин барои ироаи кумакҳои молиявии бебозгашт мутақобилан суратҳисобҳои бефоиз ва ғайрихарҷӣ мекушоянд.

«Ҳангоми истифодаи кӯмаки молиявии ройгон тартиби пешбурди суратҳисобҳо мувофиқи тартиб ва қоидаҳои ҶС Бонки давлатии рушди Чин амалӣ карда мешавад ва бонкҳо дар бораи ҳолати суратҳисобҳо ба тарафҳо ҳисобот медиҳанд», – хулоса мешавад дар лоиҳаи созишнома.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.