Фактчек. Дар Русия муҳоҷирон воқеан аз ҳама бештар ҷиноят содир мекунанд?

Asia-Plus

Чанд сол аст, мақомдорони баландпояи Русия, махсусан роҳбари Кумитаи тафтишоти ин кишвар Александ Бастрикин даъво пеш меоранд, ки дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ ҷиноят содир мекунанд ва сатҳи ҷинояткорӣ аз ҳисоби онҳо сол аз сол афзоиш меёбад.

Ӯ бори охир, дар суҳбат бо нашрияи “Московский комсомолец” гуфт, дар баробари он ки сол аз сол теъдоди муҳоҷирон афзоиш меёбад, шумораи ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби муҳоҷирон ба таври назаррас зиёд мешавад.

Бастрикин иттилоъ дод, ки соли 2021-ум 11 ҳазор ва соли 2022-ум 15 ҳазор ҷинояти вазнин аз ҷониби муҳоҷирони корӣ содир шудааст. Беш аз 18 дарсади ин ҷиноятҳоро куштор ташкил медиҳад.

Пеш аз ин, моҳи апрели соли равон, дар мусоҳиба ба “Интерфакс” Бастрикин гуфта буд, ки соли 2022 аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 4 ҳазору 729 хабар дар бораи ҷиноят ворид шудааст ва аз рӯи ин далелҳо 4 ҳазору 231 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

“Ин қариб 3 маротиба зиёдтар нисбат бо соли 2021 мебошад”, – иброз дошт раиси Кумитаи тафтишотии Русия.

Бастрикин моҳи августи соли гузашта ҳам аз афзоиши ҷиноятҳо бо иштироки муҳоҷирони корӣ нигаронӣ карда буд.

Вай дар мусоҳиба бо “Интерфакс” гуфта буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022-юм 21 ҳазору 48 ҷинояти аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда мавриди тафтиш қарор гирифт, ки ин 10 дарсад зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 аст.

“…Соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 36 ҳазору 420 ҷинояти аз ҷониби хориҷиён содиршударо тафтиш кардаанд, ки 6% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад”, – иброз доштааст ӯ.

Пас аз изҳоротҳои батакрори раиси Кумитаи тафтишотии Русия тасмим гирифтем, ки сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар ин кишварро давоми 5 соли охир муқоиса кунем.

Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия, дар бахши алоҳида ҳисоботи “Вазъи ҷинояткорӣ дар Русия” сол ба сол ҷой дода мешавад.

Ҳисоботи 4 соли охири вазъи ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аксари муҳоҷирони меҳнатии дар Русия буда шаҳрванди ин давлатҳо мебошад, таҳлил гардид. Дар ин ҳисобот, бахши алоҳида дар робита ба ҷинояти муҳоҷирони меҳнатӣ нест ва ҳамаи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби муҳоҷирон содир карда мешавад, зери банди “ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони  бешаҳрванд содир карда мешавад”, ҷамъ оварда шудааст.

Таҳлили кӯтоҳ нишон дод, ки то соли 2022 сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби шаҳрвандони давлатҳои ИДМ сол аз сол коҳиш ёфта, шумораи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби онҳо содир мешавад, танҳо 3 ё 4 дарсади шумораи умумии ҷиноятҳои дар Русия содиршударо ташкил медиҳад.

Таносуби ҷиноятҳои давоми чор соли охир дар Русия содиршуда ва аз ҷониби шаҳрвандони давлатҳои ИМД содир гардида дар инфографикаи зерин нишон дода шудааст.

 

 

Таҳлили кутоҳи шумораи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар Русия содир шудаанд, нишон медиҳад, ки омори ҷиноятҳои аз ҷониби онҳо содиршуда танҳо аз 2,5 то 3,9 дарсади шумораи умумиии ҷиноятҳои дар Русия содиршударо ташкил медиҳад.

Ба ғайр аз ин, шумораи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои ИДМ содир мешаванд, сол аз сол коҳиш ёфта, танҳо дар соли 2022 афзоиш ёфтаасту халос.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...