Бастрикин: “Ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷониби муҳоҷирон зиёд мешаванд”

Нимсолаи аввали соли равон 21048 ҷинояти аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда мавриди тафтиш қарор гирифтааст, ки 10% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба “Интерфакс” роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александ Бастрикин хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли 2022 аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ 1685 ҷиноят […]

Нимсолаи аввали соли равон 21048 ҷинояти аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда мавриди тафтиш қарор гирифтааст, ки 10% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба “Интерфакс” роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александ Бастрикин хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли 2022 аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ 1685 ҷиноят содир шудааст.

“Соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирони корӣ (қонунӣ) қариб 8 ҳазор (7 910 адад) ҷиноят ва аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ зиёда аз 2,8 ҳазор ҷиноят содир шудааст. Соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 36 ҳазору 420 ҷинояти аз ҷониби хориҷиён содиршударо тафтиш кардаанд, ки 6% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад”, – иброз доштааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Бастрикин зикр кардааст, ки ҳолатҳои аз ҷониби муҳоҷирон содир гардидани ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин аз қабили куштор, таҷовуз ба номус, рабудани одамон ва таблиғи рӯҳияи ифротгароӣ зиёд мешавад.

“Ҳамаи ин ҷомеаро нигарон мекунад. Одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо дар ин бора навишта, дархост мекунанд, ки ба ин ҳолатҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад”, – гуфтааст роҳбари Кумита.

Ба гуфтаи Бастрикин, аксарияти ҷиноятҳо аз ҷониби муҳоҷирони синнусоли миёна ва афроде, ки бекору сарчашмаи доимии даромад надоранд, содир карда мешаванд.

Яке аз сабабҳои чунин ҳолатро Бастрикин чунин шарҳ додааст, ки бисёр вақт муҳоҷирон бидуни шартномаи меҳнатӣ ба корҳои ғайритахассусӣ ва маошаш паст ҷалб шуда, аксаран корфармоҳо ба онҳо аз маблағи гапзаноншуда камтар музди меҳнат медиҳанд.

“Аз ин рӯ, муҳоҷирон мехоҳанд, ки мустақилона тариқи роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ ин мушкилро ҳал кунанд, ки ба содир намудани ҷиноятҳо боис мегардад”, – илова кардааст ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.