Дар Русия аз афзоиши секаратаи ҷиноятҳо аз ҷониби муҳоҷирон хабар доданд

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар бораи афзоиши шумори парвандаҳои ҷиноятӣ бо иштироки муҳоҷирон изҳори назар кард. “Ҳозир афзоиши онҳо ба назар мерасад. Омори ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин хеле нигаронкунанда аст. Соли гузашта оид ба ин ҷиноятҳо, аз қабили одамкушиву қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки ба марги ҷабрдида оварда расонид, 893 […]

Asia-Plus

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар бораи афзоиши шумори парвандаҳои ҷиноятӣ бо иштироки муҳоҷирон изҳори назар кард.

“Ҳозир афзоиши онҳо ба назар мерасад. Омори ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин хеле нигаронкунанда аст. Соли гузашта оид ба ин ҷиноятҳо, аз қабили одамкушиву қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки ба марги ҷабрдида оварда расонид, 893 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – изҳор доштааст Бастрикин дар мусоҳиба ба “Интерфакс”.

Ӯ зикр кардааст, ки соли 2022 дар бораи аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир гардидани ҷиноят 4 ҳазору 729 хабар расида, аз рӯи ин далелҳо 4 ҳазору 231 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

“Ин қариб 3 маротиба зиёдтар дар муқоиса бо соли 2021 мебошад”, – иброз доштааст раиси Кумитаи тафтишот.

Ба гуфтаи вай, “миёни муҳоҷирони ғайриқонунӣ рӯҳияи ифротгароӣ паҳн мешавад”. Ҳодисаҳои муқовимат ба талаботи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамла ба кормандони ҳифзи тартибот низ бештар шудааст.

Раиси Кумита изҳор намудааст, ки шумори парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои марбут ба дахлнопазирии ҷинсӣ низ ба таври назаррас афзудааст.

“Аксар вақт бо иштироки муҳоҷирон ҷанҷолу муноқишаҳои дастаҷамъона рух медиҳанд, ки вокуниши густарда ба бор меоранд. Аксари ин амалҳои ҷиноиро шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои узви ИДМ-и Осиёи Марказӣ меоянд, содир мекунанд. Ҳамин ҳафтаи гузашта дар пойтахт созмондиҳандаи чунин ҷанҷолҳои дастаҷамъона ва 5 тан аз иштирокчиёни онҳо боздошт шуданд. Сокинони Осиёи Миёна ба одамон ҳамла ва онҳоро лату кӯб намуда, мехостанд ба атрофиён муқобилат кунанд. Ин ҳама дар навор сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд”, – гуфтааст раиси Кумитаи тафтишот.

Бастрикин зикр кардааст, ки аксар вақт шахсони калонсол ва шаҳрвандони беҳимоя аз ин амали муҳоҷирон осеб мебинанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.