Дар Тоҷикистон чӣ тавр метавон миллионер шуд?

Моҳи январи соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон кард. Раҳбари давлат ба роҳбарони бахшҳои блоки иқтисодӣ дастур дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро суръат бахшанд ва ба ин васила вобастагии бозори истеъмолӣ аз воридотро коҳиш диҳанд. Бо чунин захира ва иқтидори бузурги ашёи хом – […]

Моҳи январи соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон кард.

Раҳбари давлат ба роҳбарони бахшҳои блоки иқтисодӣ дастур дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро суръат бахшанд ва ба ин васила вобастагии бозори истеъмолӣ аз воридотро коҳиш диҳанд.

Бо чунин захира ва иқтидори бузурги ашёи хом – хоҷагии қишлоқ бунёди корхонаҳои зерини саноати хӯрокворӣ барои халли масъалаи амнияти озуқаворӣ ва ивази маҳсулоти воридотӣ, ки харидани онҳо миллионҳо доллар арзиш дорад, метавонад ёрӣ расонад.

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар ин самт бартариҳои зеринро дорад: мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаи коркарди ғалладона ва зироатҳои равғандор, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, қаннодӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ, инчунин, қувваи кори нисбатан арзон.

Равғани растанӣ

Барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли равғани растанӣ бунёди заводи равғанбарорӣ, ки дар кишвар хеле кам аст, зарур мебошад.

Коршиносон талаботи солонаи Тоҷикистонро ба равғани растанӣ 155-160 ҳазор тонна арзёбӣ мекунанд. Тибқи маълумоти расмӣ, ҷумҳурӣ имкони коркарди зироатҳои равғандорро дар як сол ба миқдори 80 ҳазор тонна дорад, аммо дар асл истеҳсол ҳамагӣ 23 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2022 ба Тоҷикистон беш аз 123 ҳазор тонна равғани растанӣ ба маблағи 148 миллион доллар ворид шудааст.Вазорати рушди иқтисод дар як сол то 92 ҳазор тонна коҳиши воридотро пешбинӣ мекунад.

Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард, ки аз ҳисоби коркарди пахта истеҳсоли равғани растанӣ афзоиш ёбад. Аммо пахта аз 15 то 22 фоиз равған медиҳад. Яъне аз 1 тонна пунбаи пахта 150—220 литр равған гирифтан мумкин аст.

Растаниҳое, ки равғаннокиашон зиёд аст: кунҷит, чормағзи заминӣ, офтобпараст, ҷуворимакка – то 50%, рапс, хардал, донаи зардолу ва шафтолу, тухми харбуза зиёда аз 40%, зағир, сафлор ва тухми каду зиёда аз 30% дарсад равған медиҳад.

Аммо ин зироатҳо бо сабаби нарасидани замин кам парвариш карда мешаванд, бинобар ин аҳамияти калони саноатӣ надоранд.

Маҳсулоти ширӣ

Сарфи назар аз иқтидорҳои мавҷуда дар Точикистон нарасидани маҳсулоти ширӣ баръало мушоҳида мешавад. Ҳар сол барои воридоти маҳсулоти ширӣ беш аз 15 миллион доллар сарф мегардад.

Истеҳсоли шири хом бештар аз 1 миллион тонна, аммо маҳсулоти шири ҳамагӣ атрофи 20 хазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин кофӣ нест, ҳарчанд гуфта мешавад, имкони ба 150 ҳазор тонна расондани ин рақам дар сол вуҷуд дорад.

Дар ҷумҳурӣ барои ҳар ноҳияи калон ҳадди ақал як заводи шир лозим аст.

Шакар

Тоҷикистон дар минтақа ягона кишварест, ки шакар истеҳсол намекунад. Аз сабаби набудани захираи замин, ҳамчунин адами шароити мувофиқи парвариши лаблабуи қанд истеҳсоли ин навъи маҳсулот ғайрифоиданок аст.

Дар водии Вахш кӯшиши руёндани лаблабуи канд буд ва дар Турсунзода хатто дар бораи сохтани заводи канд сухан мерафт, аммо ҳисобҳои минбаъда нишон доданд, ки ин корхона метавонад зиёновар шавад, зеро ашёи хомро аз хориҷи кишвар харидорӣ кардан лозим меояд.

Аммо, баъзе коршиносон боварӣ доранд, ки роҳандозии истеҳсоли шакар имконпазир аст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати рушди иқтисод афзоиши воридоти шакарро аз 175 ҳазор тонна дар соли 2022 то 224 ҳазор тонна то соли 2025 пешбинӣ мекунад.

Дар нақшаи давлатӣ истеҳсоли қанд пешбинӣ нашудааст. Аммо зарурати роҳанозии истеҳсоли шакар ё таъсиси корхонаҳои муштарак пеш омадааст.

Нӯшокиҳо

Тоҷикистон иқтидори бузурги истеҳсоли нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ дорад.

Рӯйхати онҳо хеле васеъ аст: оби нӯшокӣ, шарбатҳо, нӯшокиҳо, оби ҷав, вино, арақ, спирт ва ғайра.

“Дилхоҳ корхонаи нав дар ин самт метавонад муваффақ гардад ва маҳсулоташро ба хориҷа содир намояд”, – гуфта буд боре собиқ вазири саноати кишвар Икром Қурбонов.

Ин суханон ҳоло ҳам муҳиммияти худро гум накардаанд.

Масалан, иқтидори мавҷудаи истеҳсоли пиво 944 ҳазор декалитр ва истеҳсол танҳо дар доираи 150 ҳазор мебошад.

Имконоти истеҳсоли нушокиҳои ғайримашруботӣ – 100 миллион декалитр аст. Ин захираи бузург ва нишондиҳандаи рекордӣ аст, ки танҳо 15 миллионаш истифода мешавад.

Гармхона

Бар асари тағйирёбии иқлим, парвариши маҳсулоти кишоварзӣ тадриҷан ба майдони пӯшида мегузарад. Дар Тоҷикистон гармхонаҳо хеле каманд. Онҳо на танҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ, балки барои ниҳолшинонӣ ва гулҳо низ лозиманд.

Имрӯз на ҳамаи деҳқону боғбон имкони бунёди ҳатто гармхонаи хурдро доранд. Дар аксари кишварҳои ҷаҳон барои бунёди гармхонаҳои хурд ва насби он корхонаҳои махсус вуҷуд доранд.

Имрӯз дар Тоҷикистон воқеан лозим аст, ки ширкате дошта бошад, ки на танҳо гармхонаҳо бунёд кунад, балки қисмҳои онро истеҳсол кунад, насб кунад ва ба деҳқонон ҷиҳати аз худ кардани нигоҳубини онҳо кӯмак кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.